ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон қаллобон фурӯши иҷозатномаҳо барои доштани риш ва пӯшидани либоси мазҳабӣ оғоз кардаанд, хабар медиҳад Комитети умури адёни кишвар.
Асноди тақаллубӣ бо арзиши 250 сомонӣ фурӯхта мешудаанд. Ҳамзамон ин иҷозатнома мӯҳри расмӣ дошта аз сӯйи муъовини раиси Комиети умури адёни Тоҷикистон гӯиё имзо шудааст.
"Мо аз паҳн шудани гоеъот дар бораи пайдо шудани чунин иҷозатномаҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ мешавад, нигарон ҳастем. Комитет ҳаргиз чунин иқдом накардааст ва барои доштани риш ва пӯшидани либоси мазҳабӣ иҷозатнома намедиҳад", — омадааст дар баёнияи Комитет ба шаҳрвандон.
Дар ин ниҳод муътақиданд, ки бархе аз афрод чунин иттилоъро амдан тавзеъ медиҳанд ва қасд доранд, ки аз ин роҳ исломро бадном ва алайҳи давлад дар кишвар тавтеъа андозанд.
"Ба ин далел аз куллияи шаҳрвандони кишвар даъват мекунем, ки агар бо чунин қаллобоне, ки асноди тақаллубӣ паҳн мекунанд, вохуранд ҳатман ба Комитети умури адён муроҷиъа кунанд", — омадааст дар баёния.
Ин дар ҳолест, ки дар шабакаи иҷтиомии Facebook корбарон акси чунин иҷозатнома якҷо бо даъвати Комитетро тавзеъ мекунанд.