ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 65,1% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад Бонки марказии ФР.
"Дар семоҳаи сеюми соли равон ба Тоҷикистон тавассути каналҳои интиқоли маблағ аз Русия $358 миллион ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи сали гузашта 73,5% кам мебошад", — омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи сеюми соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 348 миллион доллари амрикоӣ интиқол шудааст.
Дар даҳ моҳи соли равон ба Тоҷикистон аз Русия тавассути низоми интиқоли пулӣ $1 миллиарду 54 миллион ($3,016 миллиард барои январ-сентябри 2014) интиқол шудааст. Ҳаҷми коҳишёбӣ 65,1%-ро ташкил медиҳад.
Бештари муасисаҳои байналмилалии молиявӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ коҳиш ёфтани интиқоли маблағ ба Тоҷикистонро то ба 40-45% пешгӯи карда буд.
Коршиносон омили асосии ин равандро ба беқурбшавии рубли русӣ ва қоидаҳои сангинтарини будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия аз оғози соли 2015 рабт медонанд.