БМР: интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 66% коҳиш ёфт

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон дар интизории гирифтани санадҳои иҷозаи кор. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон дар интизории гирифтани санадҳои иҷозаи кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вазъи иқтисодии хонаводаҳояшон бетаъсир намемонад.

ДУШАНБЕ,  25 мар — Sputnik. Дар қиёс ба соли  2014 дар соли сипаригардидаи 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 3 баробар ё ба андозаи 66% кам шуд, омадааст дар гузориши ахири Бонки марказии Русия.

Нуқтаи интиқоли маблағ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон 65% коҳиш ёфтааст

Тавре ин ниҳод мегӯяд, соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба 1 млрд. 278 млн. доллар расидааст ва ин дар ҳолест, ки соли 2014 ин нишондиҳанда 3 млрд. 831 млн. ва соли 2013 — 4 млрд. 155 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Идораи интиқоли фаромарзии интиқоли пулии БМР оморро шарҳ дода, қайд мекунад, ки чунин ҳолат дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ба мушоҳида мерасад.   

"Соли 2015 аз Русия ба Ӯзбакистон 2 млрд. 370 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ ирсол гардида, соли 2014 ин нишондиҳанда ба 5 млрд. 581 млн. доллари ИМА баробар буд",- омадааст дар ҳисоботи мазкур.

Ҳамзамон, соли 2015 аз Русия ба Қирғизистон 1 млрд. 83 млн. доллари амрикоӣ интиқол ёфтааст, аммо ин нишондод дар як соли қабл аз он ҳудуди 2 млрд. 26 млн. долларро ташкил дода буд.

Лентаи хабарҳо
0