ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Гурӯҳи радикалии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҷавобгарии инфиҷореро, ки дар клуби шабонаи шаҳри Орланд ба вуҷӯъ пайваст бар дӯш гирифт, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Reuters.
"Дар клуби шабонаи шаҳри Орландои иёлоти Флорида ҳамлаи мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Бар асари он зиёда аз сад нафар ҳалок ё захмӣ гардиданд. Ҳуҷум аз ҷониби ҷангиёни гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" анҷом дода шуд",-менависад Рейтер.
Қабалан хабар дода шуд, ки дар шаҳри Орландои иёлоти Флорида 50 нафар ҳалок градида, 53 каси дигар дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Террорист аз ҷониби пулис зимни амалиёти дастгир намудан кушта шуд.
Хабар дода шуд, ки террорист қабл аз ҳамла ба рақами хадамоти изтиробӣ (911) занг зада иттилоъ додааст, ки ӯ яке аз аъзоёни гурӯҳи радикалии "Давлати Исломӣ" мебошад.
Дар робита бо фоҷиа ҷароғи бинои машҳури Эмпайр Стейт Билдинг, ки дар Ню-Йорк ҷойгир аст, рӯзи якшанбе хомӯш карда шуд.
"Ба хотири қурбониёни ҳодисаи фоҷиабор, ки дирӯз дар Орландо ба вуқӯъ пайваст, имрӯз мо ҷароғро хомӯш мекунем",-омадааст дар саҳифаи Twitter-и яке аз биноҳои машҳури ҷаҳон.