ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Хакерҳои гурӯҳи ҷиноятпешаи ДИИШ дар шабакаи интернетӣ маълумот дар бораи чандин ҳазор шаҳрвандони Ню-Йоркро паҳн карда, ҳаммаслаконашонро ба ҳуҷум ба ин нафарон даъват намуданд.
Намояндагони мақомотҳои қудратӣ ва пулиси шаҳри Ню-Йорк бо нафароне, ки ба рӯйхат дохил шудаанд, алоқа барқарор намуда аз ҳодисаи мазкур хабар карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Рейтер. Аммо пулис ин таҳдидро ҳақиқӣ намешуморад. Дар баробари ин қайд мегардад, ки маълумот дар бораи бархе аз шаҳрвандон кӯҳна шудааст.
Соли гузашта созмонҳои тундрави "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) маълумот дар бораи садҳо намояндагони қудратии низомии Амрикоро дар шабакаи интернетӣ ҷой дода буданд. Ҳамон замон низ ҷинояткорон "ДИИШ"-ро ба ҳамла ба низомиён даъват намуда буданд.
Давлати исломӣ", ё ба истилоҳ "ДИИШ" дар ҳоли ҳозир аз бузургтарин хатар ба амнияти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.Тайи се сол ҷангиёни ин гуруҳ қисме аз сарзаминҳои Ироқу Сурияро ғасб карда, таҳти назорат гирифтанд.
Дар баробари ин, онҳо кӯшиш доранд, то таъсири худро дар мамлакатҳои Африқои Шимолӣ ва махсусан дар Либиё мустаҳкам намоянд.Бино ба маълумоти мақомотҳои гуногун ҳудуди минтақаҳое, ки аз ҷониби "Давлати исломӣ" идора мешаванд, то ба 90 ҳазор километри мураббаъ мерасад. Теъдоди тахминии ҷангиёни ин созмон аз 50 то 200 ҳазор нафар гуфта мешавад.