ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Наздики 14 ҳазор дӯстдорони ҳунари боксери нотакрор Муҳаммад Алӣ дар маросими видоъ, ки дар шаҳри Луисвилли иёлоти Кентукки баргузор гардид ҷамъ омаданд, иттлилоъ медиҳад оҷонсии Reuters.
"Вафоти Муҳаммад Алӣ моро водор сохт, ки худро дар ин ҷаҳон танҳо эҳсос кунем",-изҳор дошт олими исломӣ Шерман Ҷексон.
Наздикони варзишгар, ки маросими видоъи ӯро таи 10 соли охир омода мекарданд, маросими хайрухуш бо Муҳаммадро тариқи анъанаҳои исломии ба фарҳанги ғарб мутобиқгардонидашуда барпо намуданд.
Ба маросими видоъи варзишгар ҳамчунин президенти Туркия Тайип Эрдуғон, собиқ роҳбари ИМА Билл Клинтон ва ҳунарманд Билли Кристал омада буданд.
Яке аз машҳуртарин муштзан дар таърихи бокси ҷаҳонӣ чанде қабл дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.