ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Муштзани нотакрор Муҳаммад Али рӯзи ҷумъа дар ИМА дар синни 74 солагӣ вафот кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба NBC News.
Али дар яке аз табобатхонаҳои Финикс, ки чанд рӯзи охири умрашро он ҷо гузаронида буд, аз олам даргузашт. Марги варзишгарро яке аз аъзоёни оилааш ба шабакаи телевизионии Амрико тасдиқ кард.
Нашриёти бритонии Mirror иттилоъ дод, ки вазшгари 74 сола бо сабаби нафасгирӣ ба бемористон оварда шуд. Баъдтар табибони беморхона ба аъзоёни оилаи боксери номӣ хабар доданд, ки ӯ дар ҳолати вазнин қарор дорад. Духтурони Финикс қарор доданд, ки Алиро ба дигар бемористон интиқол диҳанд, вале ба хулоса омаданд, ки интиқол метавонад боиси марги ӯ гардад.
Али-яке аз муштзанҳои номӣ ва нотакрор дар таърихи бокси ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ӯ қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1960-ум буда ҳамчунин қаҳрамони ҷаҳон оид ба ин намуди варзиш мебошад.