ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Кадом варзишгари тоҷик моҳи гузашта ба беҳтарин нишондодҳо ноил шуд. Дар бораи ин ва дигар дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар маводи омоданамудаи Sputnik Тоҷикистон.
Дилшод Назаров: се медали нуқра дар як моҳ
Гузрандози тоҷик мавсими навро бо иштирок дар мусобиқаи бонуфузи "IAAF Hammer Throw Challenge" шурӯъ кард. Дар сабқати "55th Ostrava Golden Spike", ки дар Острави Чехия баргузор гардид, Дилшод Назаров ба масофаи 78,82 метр гурзро ҳаво дода, соҳиби медали нуқра гардид. Дар баробари ин Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмиллалӣ, ки дар Халли Олмон доир гардид иштирок кард. Ин бор ӯ гурзро ба масофаи 78,34 метр партофта ҳамчунин нишони нуқра ба даст овард. Рақиби асосии ӯ Павел Фейдак бо нишондоди 80,39 метр мақоми аввалро соҳиб шуд.
Нуқраи сеюмро устоди варзиши сабуки Тоҷикистон дар бахши чоруми "Лигаи алмосӣ", ки дар Юҷини ИМА баргузор шуд, ба даст овард.
Бозиҳои олимпии 2016 дар фаъолияти варзишии гурзандози тоҷик Олимпиадаи чорум ба шумор меравад. Ӯ соли 2004 дар Олимпиадаи Афина иштирок кард. Он замон Олимпиада барояшон бо нокомӣ анҷом ёфт, вале Олимпиадаи соли 2008, ки дар Пекин сурат гирифт Дилшод Назаров дар даври финалии мусобиқа бо нишондоди 76,54 метр соҳиби ҷои 9-ум гардид.
Дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ӯ даври тахассусиро бо натиҷаи 75,91 метр анҷом дода дар даври финалӣ бо нишондоди 73,80 мақоми 10-умро соҳиб шуд. Моҳи январи осли 2014 Дилшод Назаров муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ҶТ таъин гардид. Ҳамчунин Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.
Бо медалҳо аз Қазоқистон
Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба каратэ-до WKF дар Қазоқистон бо муваффақият баромад кард. Қаҳрамонии 4-уми кушод дар байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон доир гардид. Дар мусобиқа наздики 400 варзишгар аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Эрон ва Афғонистон иштирок карданд. Варзишгарони тоҷик соҳиби медалҳо шуданд.
Далер Баротов дар вазни 60 кг (аз18 сола боло) дар кумитеи мардона соҳиби ҷоизаи нуқра шуда дар бахши гурӯҳӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Ҳамчунин Юлдуз Исматуллозода дар вазни (68 кг, аз 18 сола боло) ва Шероз Икромов дар вазни (84 кг, аз18 сола боло) мақомҳои семро соҳиб шуданд.
Ҷобиров аз Қирғизистон бо медали тилло баргашт
Дар шаҳри Бишкек қаҳрамонии кушоди Қирғизистон оид ба сумо баргузор гардид. Зиёда аз 80 варзишгар аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои ба даст овардани медали тилло дар рақобат буданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Амриддин Ҷобиров, Муродулло Уроков ва Ғафур Азимуродов, ки таҳти роҳбарии Фотеҳ Мухторов баромад карданд, муаррифӣ намуданд.
Варзишгарони тоҷик соҳиби ду медал гардиданд: Ҷобиров дар вазни 85кг соҳиби медали тилло шуда, Уроков дар вазни аз 115 кг боло нишони биринҷӣ ба даст овард. Азимуродов дар вазни 115 кг дар мақоми чорум қарор гирифт.
Вазнбардорони тоҷик-сеюмин дар Осиё
Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё оид ба вазнбардорӣ, ки дар Алматои Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Мусобиқа аз рӯи бахшҳои гуногун миёни варзишгарони синну соли мухталиф доир гардид. Дар умум дар сабқат 200 варзишгар аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Русия, Белорусия, Қирғизистон иштирок карданд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон варзишгарон аз шаҳри Душанбе дохил шуданд. Маҳмадсиддиқ Ҳомидзода дар вазни 75 кг соҳиби медали тилло гардид. Дорандаи ҷоизаи нуқра Афзалшо Холов дар вазни 100 кг шуд. Дар ҳисоботи умумӣ варзишгарони тоҷик ҷои сеюмро ишғол карданд.
Муваффақият дар Чирчик
Дар Чирчики Узбакистон ХXII мусобиқаи байналмиллалӣ-қаҳрамонии Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон бахшида ба гиромидошти хотири устоди варзиш Учкун Муродов баргузор гардид. Дар сабқат зиёда аз 150 варзишгар аз Узбакистон, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон аз рӯи ҳашт вазн миёни духтарон ва писарон гузаронида шуд. Ба ҳайати мунтахаби наврасон 34 варзишгар дохил шуданд.
Варзишгарони ҷавон аз ин мусобиқа бо се медали нуқра ва се нишони биринҷӣ баргаштанд. Гурӯҳи варзишгарони наврас бошад ба се медали тилло, як нуқра ва ду нишони биринҷӣ ноил гардиданд. Гирандагони медалҳои тилло Шамоли Ҷаҳонгир дар вазни 73 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 81 кг ва Шоҳида Қаландарова дар вазни 57 кг мебошанд.