Нишони нуқраи Дилшод Назаров дар Гран-прии Чехия

© AFP 2023 / FRANCK FIFE Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ
Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров, ягона варзишгари тоҷик мебошад, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Женейро гардидааст.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи Гран-при "Оstrava golden spike" дар Ҷумҳурии Чехия мақоми дуввумро касб карда, соҳиби медали нуқраи ин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ гардид.

Дилшод Назаров бо ордени Шараф сарфароз гардид. 28 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров ордени Шараф супурд

Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,82 метр партофта, ҷойи дуввумро ба худ ихтисос дод. Павел Файдек, аз Лаҳистон соҳиби мақоми аввал ва Маркел Ломнитский аз Словакия соҳиби ҷойи севвум гардиданд.

Маврид ба ёдоварист, моҳи майи соли гузашта низ Дилшод дар ҳамин мусобиқа бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб карда буд.  

Дилшод Назаров, нахустин варзишгари тоҷик мебошад, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Женейро гардидааст. Ӯ дар суҳбат ба хабарнигорон ба даст овардани медал дар Олимпиадаро "мақсади олӣ" унвон кардааст.

Варзишгари 34-сола, ки алъон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ҳам мебошад, шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона — соли  2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон ҳимоят кардааст.

Лентаи хабарҳо
0