Чемпионҳои нави Тоҷикистон оид ба каратэ-до WKF муайян гардиданд

© AFP 2023 / MIKE CLARKEМусобиқа дар риштаи каратэ. Акс аз бойгонӣ
Мусобиқа дар риштаи каратэ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон дар риштаи каратэ дар мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар шаҳри Турсунзода баргузор гардиднад, маълум шуданд. Дар сабқат зиёда аз 260 варзишгар аз Душанбе, НТМ, вилояти Хатлон ва Суғд ширкат варзиданд.

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Турсунзода қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ аз рӯи каратэ-до WKF байни кӯдакон, наврасон ва калонсолон доир гардид.

Дар мусобиқа зиёда аз 260 варзишгар аз Душанбе, НТМ, вилояти Хатлон ва Суғд ширкат варзиданд. Он ҳо аз рӯи котегорияи синну соли-12-13, 14-15, 16-17, 18 ва бузургтар байни ҳам рақобат карданд.

Каратэ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаҳои мунтахаби ҶТ дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ. Дар риштаи каратэ

"Аз рӯи натиҷаҳои ин мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон оиди ин намуди варзиш ташкил ёфта ба сабқатҳои бузурги ҷаҳонӣ омодагӣ мебинанд. Дар баробари ин варзишгарони тоҷик дар дигар мусобиқаҳои байналмиллалӣ иштирок хоҳанд кард. Қайд кардан ба маврид аст, ки нисбати соли гузашта имсол варзишгарон беҳтарҳунарнамоӣ карданд",-гуфт мураббӣ Ҷо-Чун-Си.

Қаҳрамонони Тоҷикистон оид ба каратэ аз байни писарон: Шерматов Маъруфҷон (35кг), Фурқатзода Муҳаммад (40кг), Ҷаборов Аброр (45кг), Орипов Фарҳод (+45кг) буда, аз байни духтарон: Сарвинози Билолиддин дар вазни (40кг) ва Шарифова Санафруғ (+40 кг) шуданд.

Аз байни наврасони 14-15 сола: Сафаров Баҳодур дар вазни (52кг), Акрамов Фарҳод (45кг), Эмомалии Шерали (57 кг), Сафаров Умед (63 кг), Носиров Мумин (70 кг), Расулҷони Муҳаммадҳоким (+70 кг) аз бйни писарон ва Давлатова Рухсор (47 кг), Қосимова Заифа (51 кг), Отабоева Мунаввара (+51 кг) аз байни духтарон ғолиб омаданд.

16-17 сола. Писарон. Маҳмадов Ҳоҷиқурбон (55 кг), Раҳмонов Мирзоумар (61 кг), Камаров Сафарали (68 кг), Сафархолов Суннатулло (76 кг), Мансуров Ҷаҳонгир (+76 кг). Духтарон. Мирзоумарова Насиба (48 кг), Ҷавбасарова Таҳмина (59 кг), Давлатова Нигина (53 кг).

+18 сола. Мардон. Давлатов Азамат (55 кг), Баротов Далер (60 кг), Давлатов Сафарали (67 кг), Бобохонов Баҳодурхон (67 кг), Икромов Шероз (84 кг), Умедов Бадриддин (+84 кг). Занон. Каримова Зебогул (61 кг) дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ғолиб гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0