Ба марзбонони Тоҷикистон мошинҳои амрикоӣ тӯҳфа карданд

© Пресс-релиз посольства США в ДушанбеВоситаҳои нақлиётӣ, ки аз ҷониби сафорати ИМА ба марзбонони Тоҷикистон тақдим гардиданд.
Воситаҳои нақлиётӣ, ки аз ҷониби сафорати ИМА ба марзбонони Тоҷикистон тақдим гардиданд. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Воситаҳои нақлиётие, ки аз ҷониби сафорати ИМА ба ҳукумати кишвар тақдим гардиданд, имкониятҳои нерӯи низомии ҷумҳуриро барои таъмини амнияти сарҳади кившар, пешгирии қочоқи силоҳи қатли ом афзун хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Сафорати ИМА дар Душанбе дар якҷоягӣ бо Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳадҳо (EXBS) ба ҳукумати Тоҷикистон ҳафт мошинҳои нави таъиноти умумӣ тақдим кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии намояндагӣ.

Воситаҳои нақлиётӣ барои таъмини амнияти сарҳади кишвар ва пешгирии қочоқи силоҳу аслиҳаи қатли ом мусоидат хоҳанд кард.

Зимни ифтитоҳи хати барқ байни Тоҷикистону Афғонистон. Намояндагони ИМА, Фонди рушди Оғохон ва Помир Энерҷӣ - Sputnik Тоҷикистон
ИМА ва Шабакаи рушди Оғохон ду деҳаро рӯшан карданд

"Ин мошинҳо метавонанд барои бошитоб кашонидани ҳайати шахсӣ ва бор ба ҳамаи нуқоти сарҳадии Тоҷикистон истифода бурда шаванд. Илова бар ин якчанд қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳои сабукрави хизматӣ низ дода шуданд",-омадааст дар иттилоия.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ният дорад ҳамчунин дар таъмин намудани таҷҳизоти муосир, барномаҳои омӯзишӣ ва такмили инфрасохторӣ кумак расонад.

"Воситаҳои нақлиётие, ки аз ҷониби сафорати ИМА ба марзбонони кишвар тақдим гардидаанд, метавонанд сатҳи иқтидори мамлакатро дар пурзӯр кардани  амнияти сарҳад баланд бардорад",-қайд мегардад дар хабарнома.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки воситаҳои нақлиётӣ қисме аз лоиаҳои сершумори кӯмакрасон, ки Сафорати ИМА аз номи шаҳрвандони Амрико татбиқ мекунад, ба шумор меравад. Шурӯъ аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳлои гуногуни кӯмакрасон барои дастгирии рушди соҳаи иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Лентаи хабарҳо
0