ДУШАНБЕ, 1 июн- Sputnik. Намояндагони ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин намояндагони Фонди рушди Оғохон барои пайваст намудани ду деҳаи Афғонистон бо қувваи барқ аз ҷониби ширкати "Помир Энерҷӣ" вохӯрӣ доир намуданд, иттилоъ медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
"Кордори Сафорати ИМА Лесли Ҳэйден, ва директори генералии ҶСК «Помир Энерҷи» Далер Ҷумаев тугмачаи рамзии дар симчӯб насбшударо пахш намуда, бо ҳамин ба интиқоли барқ байни ду давлати ҳамҷавор ифтитоҳ бахшиданд"-омадааст дар иттилоия.
Пайвасткунии ин ду деҳа ба шабакаи барқӣ дар доираи "Лоиҳа оид ба гузаронидани хати байнисарҳадии интиқоли барқ дар ноҳияи Шуғнон" сурат гирифт.
Қайд мегардад, ки лоиҳа аз ҷониби барномаи USAID бо маблағи $1 миллион ва бо дастгирии Фонди рушди Оғохон бо маблағи $464 ҳазор ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари пайвасти ду деҳа тавассути интиқоли барқ, лоиҳаи мазкур ба муккамал намудани системаҳои вуҷуддошта ва зерсохтори ҶСК "Помир Энерҷӣ" мусоидат намуд, ки он дар навбати худ ба вусъат ёфтани соҳаи хизматрасонӣ ва беҳтар намудани фазои он ба муштариёни ҳар ду тараф сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
Таъмини барқи доимӣ бевосита ба беҳтаршавии сифати зиндагӣ мусоидат мекунад, чунки ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо, даромад низ зиёд шуда халқ имконият пайдо мекунад, то маблағ ва меҳнати худро ҷиҳати гарм кардан ва рӯшанӣ додани манзилҳояшон камтар сарфа намоянд.
Сатҳи маърифатнокӣ беҳтар хоҳад шуд, агар кӯдакон дар вақти бегоҳирӯзӣ ва рӯзҳои торики зимистон дар ҷароғи равшан дарс тайёр кунанд. Дар баробари ин аз байн рафтани ифлосшавии фазои дохилии манзил дар натиҷаи истифодабарии сӯзишворӣ сатҳи бемориҳои роҳи нафасу чашмро коҳиш медиҳад.