ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Гунаҳкорони ҳодисаи занозании гурӯҳӣ дар қабристони Хованскоеи Маскав сарфи назар аз минтақаю миллаташ ҷазои сазовор хоҳанд гирифт, изҳор дошт сардори ВКД-Русия Владимир Колоколтсев.
"Ман президенти Тоҷикистонро мӯътақид сохтам, ки тафтишоти парвандаи қазияи Хованское зери назорати шахсии ман қарор дорад. Ягон нафар аз иштирокчиёни занозании оммавӣ аз ҷавобгарӣ соқит намешаванд-ҳар кас мувофиқи айбу гуноҳаш ҷазо хоҳад гирифт",-гуфт Колоколтсев рӯзи сешанбе ба рӯзноманигорон дар Душанбе зимни интиҳои вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон.
Тибқи маълумоти ВКД-и шаҳри Маскав миёнаҳои моҳи май дар қабристони бузургтарини Маскав мавсум ба Хованское занозании гурӯҳӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар он зиёда аз 200 нафар ширкат карда, 112 кас дастгир гардиданд.
Мувофиқи маълумоти вазорати тандурустии Маскав бар асари ин ҳодиса се нафар ба ҳалокат расида, 30 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.