ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Рӯзи шанбеи гузашта бар асари занозанӣ дар гӯристони мавсум ба "Хованское" дар шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Тибқи иттилои мақомоти Русия дар ин моҷаро 20 тани дигар захмӣ шуда, пулис дар робита ба ин қазия 90 нафарро боздошт кардааст.
Дар робита ба ин ҳодиса вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири умури дохилии Русия ду дафъа гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, қазияро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дафтари матбуотии ВКД-и ҶТ мегӯяд, сӯҳбати Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст ва зимни он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ, мубодилаи ахбор оиди ҷинояткорон ва андешидани чораҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба дастгир намудани ҷинояткорон, баррасӣ гардиданд.
Манбаъ мегӯяд, ки барои ба таври қомил ва воқеъбинона пеш бурдани корҳои тафтишотӣ вобаста ба ин қазия намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Русия Абдуғаффор Азизов ва Хадамоти махсуси Тоҷикистон бо супориши вазири корҳои дохилии Русия ба гурӯҳи тафтишотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав шомил карда шудаанд.