Штихино: таваҷҷӯҳи ҷавонони ИДМ ба таҳсил дар Русия меафзояд

© Саид Гуциев / Гузариш ба медиабонкДонишҷӯён зимни таҳсил. Акс аз бойгонӣ
Донишҷӯён зимни таҳсил. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои чӣ хатмкунандагони макотиби таҳсилоти ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бештар донишгоҳҳои Русияро интихоб мекунанд? Дар бораи ин дар мусоҳиба бо Sputnik муовини ректор оид ба рушди Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов Дмитрий Штихино нақл кард.

-Имрӯзҳо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ кӯшиш мекунанд дар донишгоҳҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳсил намоянд ва соҳиби ду диплом гарданд. Дар баробар ин онҳо на мамлакатҳои хориҷи дур, балки кишварҳои наздикро интихоб мекунанд. Барои чӣ?

— Шумо мегӯед: "имрӯзҳо", аммо дар ҳақиқат ба таҳсилот дар Русия нафароне, ки мехоҳанд дониши амиқ аз худ намуда, ояндаи худ ва аҳли оилаашонро рушд диҳанд, доиман аз кишварҳои собиқ ИҶШС таваҷҷӯҳ доштанд. Дар фикру андешаи аксари онҳо марказҳои фарҳангӣ, шаҳрҳо, донишгоҳҳои мо чун қаблан "худӣ" аст.

Аз тарафи дигар таҳсил ва зиндагӣ дар Маскав нисбат ба масалан донишгоҳи Лейпсиг ё Сарбонна арзонтар аст. Мехоҳам қайд намоям, ки барои донишгоҳҳои қадимии Аврупо даъвати донишҷӯёни хориҷӣ яке аз омилҳои нигоҳдории анъана ва  рушди фаъолияти муассисаҳои таълимист.

Глебова: Русия 15 ҳазор хориҷиро барои таҳсили ройгон даъват мекунад

Чунин равандҳо дар донишгоҳҳои Русия низ ба кор бурда мешаванд. Бо сабабҳои гуногуни демографӣ то соли 2021 шумораи довталабон кам мешавад. Барои ҳамин Россотрудничество ҳамасола барои ҷалби таҳсили ройгон ба донишомӯзони кишварҳои хориҷ квотаҳо ҷудо мекунад. Донишгоҳҳо низ дар навбати худ барои ҷалби донишомӯзон барномаҳои ҷадид пешниҳод менамоянд.

-Таваҷҷӯҳи донишомӯзон аз кишварҳои ИДМ, Гурҷистон ва мамлакатҳои Балтика ба донишгоҳҳои Русия нисбат ба мамлакатҳои Аврупоро таҷрибаи донишгоҳи Плеханов тасдиқ мекунад?

— Мо ин равандро натанҳо дар таваҷҷӯҳи донишҷӯёни кишварҳои ИДМ ба донишгоҳамон мебинем, балки тағйироти мусбати бозори кории ин мамлакатҳо ва таваҷҷӯҳи бозори меҳнат будани хатмкунандагони мо мушоҳида кардаем.

Имрӯзҳо таҳсил дар Русия барои хатмкунандагони кишварҳои ИДМ "муд" шудааст. Ин раванд барои ҳар ду ҷониб самаранок аст. Масалан агар дар ин ё он ихтисос шумораи зиёди донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил намоянд, ин ихтисос барои донишомӯзони Русия низ диққатҷалбкунанда мегардад.

Алоқаи мусбати мантиқӣ ин ҷо ба вуҷуд меояд: муаллимоне, ки ба тайёр намудани донишҷӯёни хориҷӣ машғуланд бо сифати баланд онҳоро ба бозори меҳнат омода месозанд-донишҷӯён дар навбати худ омӯзгоронро бо тайёрии хуби худ шод мекунанд-таҳсил дар донишгоҳ ҳаматарафа рушд меёбад.

Сабаби дигари таваҷҷӯҳ ба донишгоҳи мо ин натиҷаҳои якқатор таҳқиқотҳои байналмиллалӣ мебошад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд донишҷӯёне, ки дар мамолики хориҷ таҳсили илм мекунанд аз донишҷӯёни дигар бо тарзи андешаронӣ ва потенсиали эҷодии баландтар фарқ мекунанд.

Рӯзи дарҳои кушод дар Донишгоҳи Самара. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Самара довталабони тоҷикро даъват мекунад. Ба таҳсил

Ин раванлдро ҳангоми ҳалли машқҳо ва пешниҳоди лоиҳаҳои донишҷӯён мушоҳида кардан мумкин аст.

Масалн агар дар як  гурӯҳ чор донишҷӯи рус, чанд нафар аз Чин ва ду ё се кас аз Словакия ба баррасии мавъзӯъ пардозанд, ҳосили кори онҳо бо дарназардошти таҷрибаи иқтисодии кишварҳои гуногун нотакрор ва бо сифати баланд иҷро мегардад.

-Кадом барномаҳои ДИР-и ба номи Плехановро шумо ба донишҷӯёни хориҷ маслиҳат медиҳед?

— Барномаҳои гуногун масалан, "Савдо", "Гумрук", ки ҳамчунни омӯзиши ҳаматарфаи соҳаи муносибатҳои байналмиллалӣ в робитаҳои иқтисодии хориҷиро дар бар мегирад. Ҳамчунин ихтисосҳои  "Иқтисодиёт", "Менеҷмент", "Молия ва қарз" низ чун ҳамешагӣ мавриди таваҷҷӯҳ мемонанд.

Ғайр аз ин мо бовар дорем, ки ихтисоси "Давлат ва идораи мунисипалӣ" низ дар баробари дигар барномаҳо барои донишҷӯёни хориҷӣ ҷолиб хоҳад буд.

Мо шодем, ки донишгоҳи мо донишҷӯёнро бо ихтисосҳои доиман мавриди таваҷҷӯҳи бозори корӣ омода месозад. Барои ҳамин ҳам ҳатто дар давраи бӯҳрон фоизи ба кор машғул будани донишҷӯёни мо аз 80% паст намешавад. Қариб ҳамаи хатмкунандагони донишгоҳи Плеханов дар соли аввали ба итмом расидани таҳсил соҳиби ҷои кор мешаванд. Мувофиқи таҳқиқоти рейтинги байналмиллалии QS Stars  донишҷӯёни донишгоҳи мо дар қиёс бо дигар донишомӯзон камтар аз кори худ даст мекашанд.

Лентаи хабарҳо
0