ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар Маскав барои назорату тафтиши қазияи гӯристон ва маниторинги минтақаҳои наздики он гурӯҳи вижаи байниидоравӣ тартиб дода шудааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
Ба қавли роҳбари шӯъбаи савдо ва хизматрасонии Маскав Алексей Немерюк, ин тадбирҳо бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҷамъ шудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави гӯристонҳои шаҳрӣ равона гардидаанд.
"Ҳафтаи гузашта дар идораи марказии ВКД ҷаласа баргузор гардид, ки дар он қарор дар бораи ташкили гурӯҳи вижаи байниидоравӣ, ки аз намояндагони додситонӣ, ВКД, ҳукумати Маскав иборат аст, қабул гардид. Ин гурӯҳ ба мониторинги ҷои ҳодиса ва минтақаҳои гирду атрофи он машғул мешаванд",-гуфт Немерюк.
Мувофиқи маълумоти ВКД, занозанӣ дар гӯристони "Хованское" миёнаҳои моҳи май ба вуқӯъ пайваста дар он зиёда аз 200 нафар иштирок намуда, аз 90 нафар беш дастгир гардиданд.
Чуноне ҳукумати шаҳри Маскав хабар медиҳад, бар асари ин ҳодиса се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 23 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд аз онҳо чор нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Аз рӯи ҳодисаи куштор кумитаи тафтишот парвандаи ҷиноӣ боз намуда, қазия пайгирӣ мешавад.