Зиёда аз 94% аҳолии ҶТ ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо овоз доданд

Обуна шудан
Рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар баргузор гардид. Дар умум 92% шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхати интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, гуфт раиси КМИР-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Зиёда аз 94%  аҳолии Тоҷикистон ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҶТ, ки рӯзи якшанбе баргузор гардид овоз доданд, иттилоъ дод раиси Маркази интихобитӣ Бахтиёр Худоёрзода зимни нишасти матбуотӣ.

"Ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонунин мамлакат 3 миллиону 814 нафар, ё 94,5% раъйдиҳандагон овоз дода, 134 ҳазору 171 нафар, ё 3,3%-и аҳолӣ муқобили ворид намудани тағйиру иловаҳо овоз доданд"-гуфт ӯ.

Андеша: раъйпурсӣ дар Тоҷикистон- ҷашни ҳақиқӣ мешавад

Ба қавли ӯ дар умум дар раъйпурсии умумихалқӣ 92% шаҳрвандони Тоҷикистон ё 4 миллиону 38 ҳазор  дар рӯйхати раъйдиҳангдагон сабт шудаанд.

Рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ баргузор гардид. Мувофиқи тағйиру иловаҳо президенти кунунии кишвар метавонад бемаҳдудият номзадии худро ба мақоми президентӣ гузорад, синну соли номзадӣ ба мақоми президентӣ то 30 сол поён оварда шуда, фаъолияти ҳизбҳое, ки дар асоси дину мазҳаб ташкил шудаанд, манъ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Солҳои 1999 ва 2003 ба сарқонун тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо дохил карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0