ДУШАНБЕ, 18 май- Sputnik. Мувофиқи тағйиру иловаҳои дар пеш истода синну соли номзади мақоми президентӣ аз 35 сол ба 30 сол оварда мешавад.
Ҳамчунин тағйиру иловаҳо масъалаи ташкили ҳизбҳои нав дар кишварро низ дар бар мегирад. Мувофиқи тағйиру иловаҳо фаъолияти созмонҳо ва ҳизбҳои давлатҳои хориҷӣ мамнӯъ гардида, фаъолияти ҳизбҳое, ки дар асоси дину мазҳаб ташкил мешаванд манъ карда мешаванд.
Мувофиқи маълумоти мушовири раиси Идораи робитаҳои хориҷии Кумитаи марказии интихоботи Русия Анатолий Таболкин аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботии кишварҳои ИДМ 108 нозирон ба Тоҷикистон омадаанд, ин адад намояндагони СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай)-ро дар бар намегирад.
"Мо аллакай чанд рӯз боз дар Тоҷикистон қарор дорем ва ҳис мекунем, ки чӣ гуна мардуми тоҷик ба интихоботи дар пеш истода омодагӣ мебинад. Муносибати сокинони кишвар ба раъйпурсӣ мусбат аст. Ҳоло дар бораи шумораи овоздиҳандагон маълумот додан номумкин аст, вале соли гузашта дар интихоботи парлумонӣ 80 фисади аҳолӣ ҳозир шуда буданд. Боварӣ дорам, ки имсол низ рақамҳо чунин хоҳанд буд",-изҳор дошт Анатолий Таболкин дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Солҳои 1999 ва 2003 ба сарқонун тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо дохил карда шуданд.