Кашфу мусодираи 18 кило нашъа дар шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкҲашиш.Акс аз бойгонӣ
Ҳашиш.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз нашъаҷаллоби афғонистонӣ 9 кг афюн ва 9 килои дигар ҳашиш мусодира гардида, тафтишоти пешакӣ ҳоло идома дорад.

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашаъовар Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз амалиёти махсуси муштарак анҷом доданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии АНМН.

Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: кашфу мусодираи беш аз 70 кило нашъа дар ду рӯз

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ дар яке аз минтақаҳои зертобеи отряди сарҳадии "Дарвоз" дар шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ бо кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашаъовари назди президенти шаҳрванди Афғонистон Абдулбоқӣ валади Ҳоҷӣ, соли таваллудаш 1993, дастгир шуд, ки бо худ тақрибан 18 кг маводи нашъовар дошт.

"Аз ӯ 9 кг маводи мухаддири афюн ва 9 кг маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид",- меафзояд манбаъ.

Айни ҳол қочоқчӣ ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфта, тафтиши парвандаи ӯ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0