Йогаро барои мустаҳкам кардани хотира муфид гуфтанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкМедитатсия. Акс аз бойгонӣ
Медитатсия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимони амрикоӣ ва австралиягӣ муайян намуданд, ки машқи мунтазами йога (ҳафтае як маротиба) хотираи одамро мустаҳкам мегардонад.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Йога ва мидитатсия дар қиёс бо  дигар намуди машқҳо барои мустаҳкам намудани хотира самараноктар аст, менависад SBS.

Олимони амрикоӣ ва австралиягӣ таъсири ду намуди методҳоро ба одамони синну солашон аз 55 боло, ки аз фаромӯшхотирӣ азият мекашанд, омӯхтанд.

Намоишгоҳи Comic Con Russia ва ИгроМир. Рӯзи сеюм. - Sputnik Тоҷикистон
Олимон оқибатҳои вобастагӣ аз бозиҳои компютериро ошкор карданд

Аз шумораи умумӣ 11 нафарашон ҳамешагӣ барои барқарор намудани хотира ба ҳалли красвордҳо, машқҳои махсуси компютерӣ ва ҳалли дигар намуди муаммоҳо машғул мешуданд. 14 нафари дигар бошад ҳафтае як маротиба ба йога ва медитатсия машғул мешуданд.

Мувофиқи нишондодҳо баъди се моҳ дар ҳарду маврид хотираи одамон беҳтар шуда, ба хотир гирифтани ному насаби одамон барояшон осонтар гардид. Аммо йога дар баробари ин ба хотиргирии ҷой, манзил, хатсайрро низ пурзӯр карда, сатҳи изтироби калонсолонро паст намуд.

"Агар шумо ё хешу ақрабоятон мехоҳед хотираи худро мустаҳкам намоед, пас ба йога ва медитатсия машғул шавед-машқи мунтазами йога воситаи бехатар ва беҳтарину арзон барои хубтар намудани кори мағз мебошад",-изҳор дошт профессор Хелен Лавретски аз донишгоҳи Калифорния.

Олимон қайд карданд, ки таърихан йога ҳамчун воситаи беҳтар намудани саломатӣ дониста мешуд вале акнун ин далел дорои исботи илмӣ аст.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0