Аврупоиён ва амрикоиҳо дар бораи нақши ИҶШС дар ҶБВ намедонанд

© Sputnik / Анатолий Егоров / Гузариш ба медиабонкТанкҳо, сарбозон, Берлин. Акс аз бойгонӣ
Танкҳо, сарбозон, Берлин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аксари шаҳрвандони ИМА, Фаронса ва нисфи сокинони Олмон бар он назаранд, ки маҳз артиши ИМА дар мубориза бар зидди фашизм ғолиб омадааст.Маълумотҳо дар натиҷаи гузаронидани пурсиш аз ҷониби ширкатҳои фаронсавӣ ва бритониёӣ бо дархости оҷонсии хабаргузорӣ ва радиои Sputnik ба даст омадаанд.

ДУШАНБЕ, 5 май, Sputnik. Мувофиқи маълумоти Sputnik.Мнения, танҳо 15%-и пурсандаҳо ба саволи нақши асосӣ дар ғолибият бар зидди фашизм дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба кӣ тааллуқ дорад, аз панҷ ҷавоби пешниҳодшуда (Британияи Кабир, ИҶШС, ИМА, дигар кишвар ва намедонам) ИҶШС-ро интихоб карданд.

Фаронсавиҳо дар бораи содиршавии ҷиноёт аз сӯи муҳоҷирон

Аксари шаҳрвандони ИМА (79%), Фаронса (58%) ва нисфи сокинони Олмон (50%), дар чунин назаранд, ки ғолибиятро дар мубориза бар зидди фашизм артиши ИМА ба даст овардааст. Дар баробари ин аз нисф зиёди (59%) шарвандони Британия дар он назаранд, ки кишвари онҳо дар ҶБВ пешсаф буда, танҳо 11%-и бритониёиҳо ғолибияти ИМА-ро пазируфтаанд. Нақши ИҶШС бошад танҳо 15%. Маълумотҳо дар натиҷаи гузаронидани пурсишнома аз ҷониби ширкати фаронсавии пажӯҳишии Ifop ва ширкати таҳқиқотии бритониёвии Populus бо дархости оҷонсии хабаргузорӣ ва радиои Sputnik ҷамъоварӣ шудааст.

Дар қиёс бо дигар кишварҳо 24%-и шаҳрвандони  Олмон ба ғолибияти ИҶШС боварӣ доранд. Вале назарҳои сокинони минтақаи гарби Олмон аз шарқ фарқ мекунад: дар ғарби Олмон танҳо 16%-и шаҳрвандон ба ғолибияти ИҶШС  дар қиёс бо 55%-и Олмони Шарқӣ ва 35%-и сокинони Берлин мӯътақиданд. Дар ИМА танҳо 7% ва дар Фаронса бошад фақат 12% шаҳрвандон бовар доранд, ки ИҶШС дар ҶБВ ғолиб омадааст.

Танҳо 14-15% шаҳврадони кишварҳо дар ҷавоб гуфтан танқисӣ кашидаанд. Қариб 1-2%-и сокини ҳар кишвар мӯътақиданд, ки дар ғолибият бар фашизм дигар кишварҳо нақши бузург доранд.

Назарсанҷӣ: ВАО маълумоти нокомили ҷиноёти муҳоҷиринро нашр мекунад

Дарки нақши асосии ИҶШС аз ҷониби шаҳрвандони Аврупо дар 70 соли охир хеле тағйир ёфтааст. Маълумотҳои ширкати маъруфи пажӯҳишии фаронсавии Ifop маҳз чунин хулоса баровардаанд. Ҳамин тавр шумораи умумии фаронсавиҳо, ки нақши ИҶШС-ро дар аз байн бурдани фашизм асос медонанд, соли 1994 61%-ро ташкил дода, соли 2004 ба 20% расид.

Тибқи маълумотҳои гуногун Артиши Сурх наздики 50%-и минтақаҳои Аврупоро аз асорати фашизм озод кардааст. Шумораи умумии наҷотёфтагон ба 120 000 000 нафар мерасад. 6 кишвари дигарро Артиши Сурх бо кӯмаки кишварҳои иттиҳод аз муҳосира озод кардааст.

Назарсанҷӣ аз 15 то 21 апрели соли 2016 аз ҷониби ширкати пажӯҳишии Populus дар ИМА ва Британия ва ҳамчунин аз 14 то 17 апрели соли расвон аз ҷониби ширкати тадқиқотии Ifop дар Фаронса ва Олмон сурат гирифтааст. Аснои пурсиш 3036 нафар ки синну соли мухталиф ва касбу кори гуногун доранд, пурсида шудаанд.

 

Маълумот дар бораи лоиҳаи "Sputnik.Мнения"

Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.

 

Лентаи хабарҳо
0