Фаронсавиҳо дар бораи содиршавии ҷиноёт аз сӯи муҳоҷирон

© AFP 2023 / JOEL SAGETПаноҳҷӯ аз Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Паноҳҷӯ аз Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мавриди он ки муҳоҷирон омили аслии содиршавии ҷиноёт дар Фаронса нестанд, беш аз се як ҳиссаи сокинони ин кишвар иброз доштанд. Фақат 8%-и пурсидашудаҳо гуфтанд, ки дар посухи ин суол душворӣ мекашанд.

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Мувофиқи маълумоти назарсанҷии Sputnik.Мнения, аксари шаҳрвандони Фаронса дар он назаранд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Африқо ва Ховари Миёна манбаъи асосии ҷиноят мебошанд. Маълумотҳо дар натиҷаи назарсанҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои тадқиқотии Populus ва Ifop барои хабаргузорӣ ва радиои Sputnik таҳия шудаанд.

Дар умум сокинони Фаронса дар бораи ҷинояти аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда огоҳии баланд нишон доданд, танҳо 8% шаҳрвандони кишвар дар ҷавоб танқисӣ кашиданд. Ва 28%-и сокинони ҷумҳурӣ бар он назарнад, ки ҳузури муҳоҷирон ба зиёд шудани ҷиноят дар ҷумҳурӣ таъсир намерасонад.

Назарсанҷӣ дар Фаронса аз ҷониби ташкилоти тадқиқотии Ifop аз 3 то 5 феврали соли 2016 гузаронида шудааст. Дар назарсанҷӣ 1499 ҷавобгӯянда иштирок кардаанд. Назарсанҷӣ шаҳрвандонро аз рӯи ҷинс, синну сол, минтақаи ҷуғрофӣ ҷудо мекунад.

Маълумот дар бораи лоиҳаи Sputnik.Мнения. Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.

Лентаи хабарҳо
0