БҶ:интиқоли маблағи муҳоҷирон ба ҶТ меафзояд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкНуқтаи интиқоли маблағ. Акс аз бойгонӣ
Нуқтаи интиқоли маблағ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, шумораи умумии муҳоҷирон дар аввали соли ҷорӣ то 75% коҳиш ёфт, вале моҳи март боз рӯ ба афзоиш намуд.

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Шурӯъ аз моҳҳом охири соли гузашта даромади аҳолии Тоҷикистон коҳиш ёфт, гуфта мешавад дар гузориш бонк дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ.

Дар доираи лоиҳаи "Гӯшдиҳӣ Тоҷикистон" (Слушая Таджикистана) маълумот дар бораи нишондодҳои иқтисодии кишвар  ҷамъ карда мешавад. Тадқиқот моҳи майи соли 2015 шурӯъ шуда то моҳи июни соли 2016 давом мекунад. Пуршисҳо ба воситаи телефон гузаронида мешавад.

Кор ва даромад

"Дар давоми моҳи ноябри соли 2015 то моҳи марти соли 2016 даромади миёна ба ҳар сари як нафар аз оилаҳои камбизоат 40% ва аз оилаҳои доро то 60% коҳиш ёфт",-қайд мекунад бонк.

Бонки ҷаҳонӣ: пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон осонтар шудааст

Сабаби паст шудани нишондод вуруди ками маблағ ба ҷумҳурӣ, маоши пасти коргарон ва набудани кишту кор дар фасли зимистон мебошад. Моҳи март ин нишондод қадре зиёд шуд,омадааст дар гузориш.

"Шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2015 даромади миёнаи аҳолӣ ба қадри 24% кам шуда дар давраи моҳи январ то март 40% зиёд гардид. Аммо дар баробари ин шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2015 шумораи занҳои хонашин, ки маблағи пулиро аз хориҷи кишвар мегиранд коҳиш ёфт",-меафзояд манбаъ.

Даромади умумӣ аз маблағи интиқолӣ дар аввали моҳи ноябри соли гузашта паст шуда дар давраи моҳи январи соли равон каме афзоиш ёфт.

Муҳоҷират

Шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ то моҳи март суръати баргаштани  муҳоҷирон паст шуд. Шумораи муҳоҷироне, ки дар моҳи декабри ҳамин сол ба Тоҷикистон баргаштанд то 2%  паст шуд, соли гузашта ҳамин нишондод 4%-ро ташкил медод.

"Шумораи муҳоҷирони коргар, ки моҳи ноябр 84% буд дар моҳи январ то 75% коҳиш ёфта дар моҳи март зиёд шуд",-омадааст дар гузориш.

Нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергия дохил шуд

Моҳи январи 2016 ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағ дар қиёс ба моҳи ноябри соли 2015 аз 1100 то 775 сомонӣ  коҳиш ёфт.

Аммо дар охирҳои моҳи январ ва аввали моҳи феврал каме баланд шуд.

Тибқи маълумоти омории 5 апрели соли 2016 дар қаламрваи Русия 878,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷиикстон, ки нисбати моҳи марти ҳамин сол 5,9 ҳазор бештар аст ба қайд гирифта шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0