ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии "Пешбурди тиҷорат" нисбат ба нишон доди соли гузашта 6 зина боло бурдаааст, мегӯянд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ.
"Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар умум 14 ислоҳотро иҷро кардаанд, ки аз 10 нишондоди бозгӯкунандаи вазъи пешбурди тиҷорат дар кишвар 9 тои онро дар бар мегирад", — омадааст дар гузориши нави "Пешбурди тиҷорат"-и Бонки ҷаҳонӣ.
Қазоқистон имсол ба феҳристи даҳгонаи кишварҳое ворид шудааст, ки шароити роҳандозии тиҷорат дар онҳо мусоид аст ва ҳоло он дар ин рӯйхат дар мақоми 41, Қирғизистон — 67 ва Узбакистон дар раддаи 87-ум қарор доранд.
Далели тағйирёбии мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ба танзим даровардани соҳаи андозбандӣ ва савдои байналмилалӣ гуфта мешавад.
Инчунин Тоҷикистон бо пешниҳоди шакли электронии декларатсияи гумрукӣ корро то андозае ҳам бошад барои соҳибкорон осон кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ин гузориши Бонки ҷаҳонӣ низ қайд шудааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иҷрои баъзе аз нишондодҳои марбут ба танзими фазои соҳибкорӣ мисли дигар кишварҳо чандон фаъол нестанд.
Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ зимни раддабандӣ, 10 нишондод, аз ҷумла сабти корхона, гирифтани иҷозатнома барои сохтмон, таъминот бо барқ, сабти моликият, қарзгирӣ, ҳимояи сармоягузор, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, таъмини иҷрои созишномаҳо ва ҳалли муфлисшавиро ба назар гирифтаанд.
Ин раддабандӣ миёни 189 давлати дунё гузаронида шуда, ҳоло Тоҷикистон дар ҷойи 132-ум қарор додааст.