Тоҷикистон Созишномаи Порис оид ба тағйирёбии иқлимро имзо кард

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийСироҷиддин Аслов, вазири умури хорҷии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хорҷии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созишномаи мазкур дар айни замон аз ҷониби 14 кишвари олам ба тасвиб расидааст.

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню- Йорк Созишномаи Порис оид ба тағйирёбии иқлимро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кард, иттлоъ медиҳад сомонаи расмии ВКХ ҶТ.

"Дар маросими имзои ин Созишнома 175 кишвари узви СММ дар сатҳи роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони соҳавӣ ширкат варзида, санадро ба тасвиб расониданд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Пиряхи Федченко дар Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ЮНЕСКО таъсири иқлим ба пиряхҳои Помирро пажӯҳиш мекунад
 

Созишномаи мазкур дар айни замон аз ҷониби 14 кишвари дунё ба тасивиб расида, раванди омӯзишу имзокунии он идома дорад. 

Дар ҷаласа ба муносибати имзои ин санад Сироҷиддин Аслов ширкат ва суханронӣнамуда, ҳамчунин яке аз ҷаласаҳои онро раисӣ кардааст. 

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон иброз доштааст, ки дар ҳоли ҳозир барномаҳои вижаро барои муқовимат бо тағйирёбии иқлим рӯи даст гирифтааст.

Бино ба гуфти оқои Аслов, айни замон таҳияи Стратегияи миллии Рушди Тоҷикистон то соли 2030  ва Стратегияи миллии мутобиқат бо тағйирёбии иқлим дар марҳилаи анҷомёбист. 

Лентаи хабарҳо
0