ЮНЕСКО таъсири иқлим ба пиряхҳои Помирро пажӯҳиш мекунад

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкПиряхи Федченко дар Помир. Акс аз бойгонӣ
Пиряхи Федченко дар Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони ЮНЕСКО дар сададанд иттилоъ дар бораи таъсири авоқиби тағйироти иқлим ба пиряхҳои баландкӯҳи Помир, ки манбаъаи аслии об дар Осиёи Марказӣ мебошанд, ҷамъоварӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ҳайъати коршиносон, ки таъсири тағйири иқлим ба манобеъи оби Осиёи Марказиро пажӯҳиш мекунанд, дар Помир қарор дорад, хабар медиҳад сомонаи ЮНЕСКО.

Ин ҳайъат дар чаҳорчӯбаи тарҳи "Ҳайъати севвуми байналмиллалии кӯҳшиносон" аз сӯйи коршиносони барномаи Байналмиллалии обшиносии ЮНЕСКО ва барномаи Байналмиллалии улуми обрасонӣ ва шарикони дигари ин созмон таъсис шудааст.

"Ҳадафи ҳайъат баррасии таъсири тағйироти муҳити зист ва фаъолиятҳои инсон ба манотиқи кӯҳистонии Помир мебошад, ки дар таъмини оби Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад", — гуфта шудааст дар сомона.

Зикр мешавад, ки ин минтақа дар манотиқи силсилаи кӯҳии Помир, дар Осиёи Марказӣ воқеъ аст, ки аз он ҳамчунин ба унвони "Боми ҷаҳон" ном мебаранд. Помир манбаъи бузургтарин об дар Осиё аст, ки аз пиряхҳо сарчашма мегирад.

Дар чаҳорчӯби ин тарҳ интизор меравад намунаҳои маводи зерқабатии пиряхҳо дар манотиқи марказӣ ва шарқии кӯҳистони Помир, умдатан дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла дар пиряхи Федченко ҷамъоварӣ шавад.

Тазаккур дода шудааст, пажӯҳишгарон омилҳои аслии иқлимӣ, назири тағйири фаъолнокии хуршедӣ, газҳои гулхонаӣ, табодули фазо, пошишҳои фазоӣ, давраҳои обӣ ва азотӣ ва дараҷаи дамои болои баҳрро муқоъиса хоҳанд кард.

Натоиҷи ин тарҳ, ба навиштаи ЮНЕСКО, барои иртикоби иқдомот барои созгор шудан ба тағйири иқлим ва нармтар кардани авоқиби он, ки ба рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ мусоъидат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0