Қарзҳои хурд дар семоҳаи аввал 1 млрд. 59,5 млн сомониро ташкил доданд

© SputnikБинои Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми умумии қарзҳои хурди ба аҳолӣ додашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 1 млрд.59,5 млн сомонӣ расид.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Бино ба маълумоти расмӣ аз ҳаҷми умумии маблағи қарзҳои хурд, 199,8 млн. сомониаш ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд.

Таҳлили маълумоти ҷамъбастии ташкилотҳои қарзӣ дар семоҳаи аввали соли равон нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ 11 010,1 млн. сомониро ташкил намуда, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фисад зиёд мебошад.

Пул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сатҳи пасттарини таваррум дар ИДМ: дар Русия ва Тоҷикистон

Аз ин маблағ 4 милиарду 742,5 млн. сомонӣ ё 43,1 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 6 267,6 млн. сомонӣ ё 56,9 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 24,65 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 20,44 фоизи солонаро ташкил намуда, бино ба гуфтаи таҳлилгарон хеле баланд ва миёншикананд.

Ҳолатҳои зиёди муфлисшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки аз ташкилотҳои қарзӣ барои коркард ва кишти замин маблағ мегиранд, мушоҳида шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0