ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар давоми семоҳаи аввали соли 2016 дар Русия ва Тоҷикистон дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳои ИДМ сатҳи пасттарини таваррум ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Агентии омори назди президенти кишвар.
Ҳамин тавр, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар Русияву Тоҷикистон беқурбшавии пул ба 2,1% расида, дар Қазоқистон- 3%, ва дар Беларус — 5,7%-ро ташкил дод.
Қаблан, Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳаҷми таваррум дар давоми моҳҳои январ ва феврал 1,9%-ро ташкид дод.
Соли 2015 ҳаҷми таваррум дар Украина ба 143%, дар Молдова —13,6%, дар Қазоқистон — 13,6%, дар Русия — 12,9%, дар Беларус — 12,0%, дар Озарбойҷон — 7,6%, дар Тоҷикистон- 5%, ва дар Қазоқистон ба 3,4% расид.
Тайи моҳҳои аввал нархи маводи ғизоворӣ дар Тоҷикистон баланд шуд. Аз ҳама зиёд баландшавии нархи сабзавот ба назар расид. Ҳамин тавр, дар моҳҳои январ ва феврал нархи пиёз то 13 фоиз боло рафта, нархи картошта то 12 дарсад ва нархи нахӯд- 10,2% баланд гардид.
Нархи шакар-9,5%, равғани пахта- 8,3%, себ-7,5%, намак-4,1%, гӯшти гов-1,8% ва нархи равған то 1,6% боло рафт.
Аммо дар баробари ин нархи сабзӣ то (23,2%), карам (12,9%), шир (5,5%), тухм (2,2%), гӯшти гӯсфанд (1,8%) ва биринҷ то (1,5%) коҳиш ёфт.