Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак мехоҳад

© Александр КопысовСарбози афғонистонӣ дар назди киштзори кӯкнор
Сарбози афғонистонӣ дар назди киштзори кӯкнор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кобул боварӣ дорад, ки мавҷудияти маводи нашъадор дар кишвар яке аз сабаби асосии нооромӣ ва адами амният аст.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон барои мусоидат барои ба роҳ мондани  лоиҳаи нави мубориза  алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ташкилотҳои байналмиллалӣ кӯмак хост, чунки ин масъаларо Афғонистон мустақилона ҳал кардан наметавонад, хабар медиҳад РИА Новости.

Бо чунин изҳорот вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон Саломат Азимӣ дар иҷлосияи вижаи Маҷмаи умумии СММ оид ба масъалаи умумиҷаҳонии маводи мухаддир муроҷиат кард.

Кобул барои мубориза дар танҳоӣ омода нест

"Корбурди ин лоиҳа дастгирии самараноки ҳамкорони байналмиллалиамонро талаб мекунад. Бидуни ёрӣ нашъа натанҳо Афғонистон, балки ҳамаи мамолики ҷаҳонро метавонад ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ созад",-изҳор дошт Азимӣ.

Сарбозони қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон дар вилояти Қундуз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вакил: Афғонистон барои мубориза алайҳи терроризм аслиҳа надорад

"Мо боварӣ дорем, ки яке аз сабабҳои муҳими набудани амният дар Афғонистон-ин мавҷудияти маводи мухаддир дар кишвар мебошад",-илова кард вазир.

Дар доираи тарҳи нав, ки аз ҷониби вазир дар ҷаласа пешниҳод гардид, барномаи  бартараф намудани кишти кӯкнор, ба ҳабс кашидани қочоқчиён ва нашаъҷаллобон, ҳамчунин табобати нашъамандонро дар бар мегирад.

Вале вазир нагуфт, ки барои ба роҳ мондани лоиҳаи нав чӣ қадар маблағ аз ҷониби сармоягузорон талаб мешавад.

СММ нигарони хатарҳо аст

Сардори Раёсати СММ оиди маводи мухаддир ва ҷиноят Юрий Федотов дар навбати худ хатарҳоеро, ки зимни мубориза бар зидди маводи мухаддир метавонанд ҳам ҳукумати Афғонистон ва ҳам  ҷомеаи ҷаҳониро рӯ ба рӯ созанд, номбар кард.

Мусодираи 12 кило нашъа дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон

"Мо ба ҳукумати Афғонистон ёрии худро пешниҳод менамоем, вале авзоъи сиёсии кишавр ба ояндаи мамалакат метавонад таъсири ҷиддӣ расонад",-иброз дошт Федотов зимни ҷаласа.

Ӯ ёдовар шуд, ки Раёсат оид ба нашъа чанде қабл "барномаи дастгирӣ"  барои Афғонистон ва минтақаро ба роҳ монд. Дар баробари ин СММ ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои дастгирии Афғонистон диққати махсус медиҳад.

Ба гуфти ӯ РОН ҳамчунин барномаи ҳамкории сегонаи Афғонистон, Покистон ва Эронро дар мубориза алайҳи маводи мухаддир дастгирӣ менамояд.

"Мутаассифона, авзоъи Афғонистон ба куллӣ ноором аст. Соли гузашта мо аз коҳиши истеҳсоли маводи мухаддир истиқбол кардем, аммо танҳо ба сабаби шароити иқлим  ва танзими бозор. Мебинем, имсол чӣ мешавад",- илова кард Федотов.

Айни замон ҳукумати Афғонистон бо ҳамкории чанд кишвари дигар кӯшиш доранд бо "Толибон" барои ором намудани авзоъи кишвар, гуфтушунид доир намоянд.

Чуноне рӯзи сешанбе намояндаи махсуси президенти ФР дар Афғонистон Замир Кобулов ба РИА Новости хабар дод, Русия фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпешаи "Толибон"-ро, ки ба феҳрасти ташкилотҳои террористии Шӯрои амнияти СММ дохил аст, зери назорати қатъӣ қарор додааст. Ба қавли ӯ, агар "Толибон" аз амалиётҳои террористӣ даст кашида, ҳамкориро бо тамоми ташкилотҳои ҷиноӣ хотима диҳанд, Русия метавонад онро ҳамчун ҳизби сиёсии Афғонистон қабул кунад. Вале ҳарфи охиринро дар ин масъала Кобул ва Шӯрои амнияти СММ бояд бигӯянд.

 

Лентаи хабарҳо
0