ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Вакили палатаи поёнии парлумони Афғонистон Рауф Абдул Иброҳим изҳор дошт, ки неруҳои мусаллаҳи давлат бо аслиҳаи мувофиқ ва омӯзиши зарурӣ барои мубориза зидди террор таъмин нестанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
"Ҷавонони мо дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар рӯз бар зидди терроризм мубориза мебаранд ва амнияти кишвару халқи худро таъмин менамоянд. Аммо бо дарназардошти тавозуни қувваҳои маҳаллӣ ва зарурияти кишвар ба амният қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯз бо аслиҳаи лозима таъмин набуда, омодагии кофӣ надоранд ",-гуфт Иброҳим зимни вохӯрӣ бо роҳбарони парлумонҳои АвруОсиё дар Маскав.
Ӯ қайд кард, ки дар иртибот бо ин намояндагони ҷаласа, ҳамчунин руасои парлумонҳои АвруОсиё халқи Афғонистон ва қувваҳои мусаллаҳи ин кишварро аз мадди назар дур накунанд, балки бо ҳамкориҳои умумӣ барои аз байн бурдани терроризм дар минтақа ва паҳншавии он дар ҷамоҳири ҳамсоя кӯмак расонанд.
"Мо вазифадор мешаваем, бо тамоми қувваамон дар якҷоягӣ бо кӯмаки шумо қарори ҷаласаи имрӯзаро татбиқ намоем ",- илова кард депутати парлумони Афғонистон.
Қаблан хабар дода шуд, ки бар асари инфиҷор дар пойтахти Афғонистон наздики шаш нафар ҳалок шуда, 200 тани дигар маҷрӯҳ гаштанд.