ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аснои як амалиёти муштарак бо марзбонони КДАМ аз қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ҷилавгирӣ карданд, менависад сомонаи АНМН.
"Рӯзи якуми январ як гурӯҳи шашнафараи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гаштаанд. Ҳангоми аз ҷониби кормандони Агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик дар қитъаи отряди сарҳадии "Ҳамадонӣ" дастгир намудан, онҳо муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд. Аз рӯи маълумот, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳ як қочоқчии афғон захмӣ гардид. Қочоқчиёни боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд ва захмиро ҳамроҳи худ бурданд".
Аз ҷои ҳодиса гилзаҳои тири силоҳи оташфишон, ду телефони мобилӣ ва як халта ошкор шудааст, ки дар дохили он 12 баста бо маводи қаҳваранги бӯи махсусдошта ҷойгир будааст.
"Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи боздоштшуда афюн буда, вазни он 11 кг 838 граммро ташкил менамояд".
Нисбат ба ин ҳодиса аз рӯи моддаҳои 200 қ. 4, 289 қ.2 ва 335 қ. 2 — "муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон, "қочоқ" ва "ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид,-афзуд манбаъ.
Тафтишоти қазия идома дорад.