ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Додгоҳи низомии Қафқози шимолӣ парвандаи ҷиноиро алайҳи сокини Қазоқистон, ки бо иттиҳоми узвият ба гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар дониста мешавад боз намуд, иброз дошт намояндаи дафтари матбуотии додгоҳ Алёна Каткало дар суҳбат бо хабарнигори РИА Новости.
"27-уми апрели соли 2016 дар додгоҳи низомии Қафқози шимолӣ парвандаи ҷиноӣ нисбати зодаи Қазоқистон Вазген Заргарян, ки муваққатан дар Ростови лаби Дон умр ба сар мебарад, кушода шуд", — гуфт Каткало.
Ба қавли муфаттишон, судшаванда борҳо кӯшиши ба Сурия барои иштирок дар амалиётҳои ташкилоти террористиро карда буд. Ба қавли Каткало шаҳрванди Қазоқистон бо иштирокчиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ тамос барқарор намуда, хатсайрҳои Русия ва Сурияро омӯхтааст.
Бино ба маълумоти муфаттишон охири моҳи ноябри соли 2014 муттаҳам мустақилона чиптаи хатсайри Бишкек- Истамбулро харидорӣ намуда, ҳамгоми парвоз аз Истамбул аз Туркия ихроҷ гардида, ба Бишкек бозгардонида шуд. Номбурда соли 2015 бори дигар азми сафар карда, парвоз намуд, вале ин дафъа ӯро ба Маскав баргардониданд. Моҳи июн ӯ нақша дошт, тавассути Гурҷистон ба Туркия ва баъд ба Сурия сафар намояд. Ҳамин тавр, 22 июн ин сарусадо бо боздошти Заргарян дар Ростови лаби Дон ба анҷом расид.
Ба қавли Каткало, парвандаи Заргарян аз рӯи шартҳои махсус баррасӣ хоҳад шуд, чунки ҷинояткор ба гуноҳи худ бо пуррагӣ иқрор гардид.