Пулиси Маскав: таксирони дастгиршуда шаҳрванди Тоҷикистон аст

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкТакси. Акс аз бойгонӣ
Такси. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зодаи Тоҷикистон, ки дар пайгарди байналмиллалӣ барои ҷалби ҷавонон ба ширкат дар амалиётҳои террористӣ гумонбар мешуд, дар натиҷаи корҳои фаврӣ ҷустуҷӯии “Такси” дастгир гардид.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Пулиси Маскав дар пайи баргузории як амалиёти вижаи ҷустуҷӯии "Такси" шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои ҷалб намудани одамон ба амалиётҳои террористӣ дар сафи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар феҳрасти кофтукоби байналмиллалӣ қарор дошт дастгир намуданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба сардори Раёсати ВКД-и Маскав Анатолий Якунин.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти ғайриқонунии ронандаҳои нақлиёт ва таъмини бехатарии мусофирон аз 5 апрел амалиёти "Такси", ки дар он кормандони БДА, шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳиявӣ, масъулини мақомоти интизомӣ ва кормандони Раёсати тафтишоти ҷиноӣ ширкат доштанд, шурӯъ шуд.

Дар оғози амалиёт тибқи маълумоти раёсати марказии ВКД дар пойтахт 65 ҳазор такси ба қайд гирифта шуд, аммо мувофиқи маълумоти дар дастдоштаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ панҷ ҳазор такси бе иҷозатнома фаъолият мекардаанд.

Парчами Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти омӯзгорони узбак ба иттиҳоми паҳни варақаҳои "Давлати исломӣ"

"Дар округи марказӣ рӯзи 14 апрел шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои ҷалб намудани одамон ба амалиётҳои террористӣ дар сафи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар феҳрасти ковтукоби байналмиллалӣ  қарор дошт, дастгир гардид",- гуфт Якунин.

Дар қатори ронандаҳои таксӣ 902 нафарашон қаблан ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, аз онҳо 14 тояшон бо ҷурми ҷиноятҳои вазнин (куштор, таҷовуз, гаравгон гирфтан) дастгир гардидаанд. Дар умум 29 ронанда, ки дар пайгарди байналмиллалӣ бо ҷурми ҷиноятҳои вазнин қарор доштанд, дастгир гардиданд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни амалиёт 304 ронанда бидуни иҷозатномаи ронандагӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз саду панҷоҳ нафар бо асноди тақаллубӣ боздошт гардиданд.

Роҳбари пулиси шаҳри Маскав Анатолий Якунин қайд намуд, ки дар пойтахт амалиёти дуюми "Такси" эълон гардид. Ин амалиёт то рафъи интиҳоии камбудиҳои ҷойдошта дар пойтахт идома хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0