ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Терапияи ҳормонӣ натанҳо сатҳи тестестеронро дар бадани мардони солрафта мӯътадил мегардонад, балки хавфи гирифторӣ ба бемориҳои сактаи қалбро коҳиш медиҳад, менависад РИА Новости бо истинод ба тадқиқоти олимони Маркази тиббии Донишкадаи амрози қалби Солт-Лейк-Сити.
Натиҷаи тадқиқотҳои чандсола нишон доданд, бемороне, ки тавассути муолиҷаи (терапияи) ивазкунандаи ҳормонҳо табобат мешаванд, то 80% аз "бемориҳои вазнин" камтар азият мекашанд. Ба қатори чунин касалиҳо сактаи қалбӣ ва мағзӣ дохил мешаванд.
Гурӯҳи тадқиқотӣ вазъи саломатии 755 беморро санҷид. Иштирокчиёни озмоиш мардони аз 58 то 78- сола буда, ҳамаи онҳо қаблан ба бемории дил гирифтор буданд.
Маризонро ба се гурӯҳ тақсим карданд. Барои гурӯҳи аввал терапияи тестестерон гузаронида нашуд. Ба гурӯҳи дуюм миқдори "миёна"-и тестестерон ба тарзи сӯзанзанӣ ва ба гуруҳи сеюм бошад, миқдори зиёди тестестеронро гузарониданд.
Баъди як сол маълум шуд, 64 беморе, ки ҳормонҳоро нагирифта буданд аз "бемориҳои вазнин" азият мекашанд. Вазъи онҳое, ки миқдори ками тестестеронро гирифта буданд низ наонқадар хуб буд. Бемороне, ки миқдори зиёди тестестеронро гирифта буданд, аз ҳеч чиз шикоят надоштанд.
Баъди се сол бошад, шумораи беморони гурӯҳи аввал ба 125 нафар расид. Дар гурӯҳи дуюм мушкилиҳо дар 38 нафар ба қайд гирифта шуд. Дар гурӯҳи сеюм бошад танҳо 22 нафар гирифтори бемории сакта буданд.
Барномаи тадқиқотие, ки дар ҷараёни 65-умин нишасти илмии Коллеҷи кордиологии Амрико пешниҳод шуд, давоми тадқиқотҳои соли гузашта мебошад. Соли 2015 олимон исбот намуданд, ки терапияи ҳормонӣ инсонро аз касалиҳои қалб, аз ҷумла сактаи дилу мағзӣ эмин нигоҳ медорад.