ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Суҳроб Юсуфбеков, муовинии директори Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский» — ро ба ӯҳда дошт, субҳи 3-юми март бар асари сактаи қалб дар назди Фурӯшгоҳи марказии пойтахт (ЦУМ) фавтид.
Наздикони Юсуфбеков мегӯянд, вай аз қабл аз дарди дил азият мекашид ва то ин дам ду маротиба сақтаи қалбиро аз сар гузаронида буд.
Шоҳидони ҳодиса ба оҷонсии "Озодагон" гуфтаан, Юсуфбеков ҳангоми ҳаракат дар роҳи пиёдагарди назди Фурӯшгоҳи марказӣ "дилашро доштааст, баъдан аз оҳани канори зинапоя доштааст".
"Аммо худашро нигоҳ дошта натавонист ва якбора ба замин зад. Мо наздаш рафтем, доруи дар кисааш бударо ба даҳонаш мондем, вале натавонистем, ӯро наҷот диҳем", — изҳор доштааст яке аз шоҳидон ба оҷонсӣ.
Зане, ки аввалин шуда ба ёрии Юсуфбеков шитофтааст, аз он изҳори таассуф намудааст, ки табиб нест ва натавонистааст, сари вақт ба ниёзманд кӯмак кунад.
"Ба ёрии тиббии таъҷилӣ занг задем, хеле дер, қариб ним соат пас расид", — афзудааст шоҳиди ҳодиса.