Ҳушдори Эрон ба Боку ва Ереван

© Sputnik / Асатур Есаянц / Гузариш ба медиабонкВазъ дар маҳалли ҳодиса дар Қарабоғи Кӯҳӣ
Вазъ дар маҳалли ҳодиса дар Қарабоғи Кӯҳӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Арманистон даргириҳои охирро калонтарин амалиёти низомӣ хонд, ки аз ҷониби Озарбойҷон баъди оташбаси соли 1994 роҳандозӣ шудаст.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Эрон аз партоби се гулӯла аз маҳалли даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба яке аз деҳаҳои наздимарзии худ вокуниш нишон дода, дар баёнияи расмии Теҳрон таъкид шудааст, ки дар сурати такрори ин амал посухи ҷиддӣ хоҳад дод.

Ба иттилоъи расонаҳои чопи Эрон, се гулӯлаи партобшуда аз маҳалли даргириҳо ба рустое дар ноҳияи Худофарини вилояти Озарбойҷони Шарқӣ, ки бо минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ҳамсарҳ аст, афтодааст, аммо талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Маскав нақша дорад, ба Теҳрон $5 миллиард қарз бидиҳад

Неруҳои сарҳадбонии Эрон ҷонибҳои Арманистону Озарбойҷонро аз ин ҳодиса огоҳ карда, ҳушдор додааст, ки дар сурати такрори он даст ба амал хоҳад зад.

Рӯзи 2 апрели соли равон дар минтақаи баҳсбарангези Қарабоғи Кӯҳӣ миёни неруҳои низомии Озарбойҷону Арманистон даргирии шадид оғоз гардид. Мақомоти расмии Ереван неруҳои Озарбойҷонро муттаҳам кардаанд, ки онҳо бо ҳимояти танку зиреҳпӯш ва чархболҳои низомӣ ҳамларо шурӯъ кардаанд.

Аз оғози амалиётҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Озарбойҷон 12 низомӣ ва аз ҷониби Арманистон 18 низомӣ ва 2 шаҳрванди осоишта кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Боку тариқи якҷониба оташбас эълон кардааст. Аммо ҷониби Арманистон ин иддаоро "доми иттилоотӣ" хонда, таъкид мекунад, ки тирпарониҳо аз ҷониби Озарбойҷон идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0