ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Масъалаи 5 миллиард долларе, ки Маскав бояд ба Теҳрон қарз бидиҳад, зимни сафари ахири раисҷумҳур Владимир Путин ба Эрон баррасӣ шуда, ҷонибҳо як қатор санадҳоро ҳам имзо кардаанд, мегӯяд муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов рӯзи сешанбе.
"Ҳанӯз дар робита ба ин қарз санаде имзо нашудааст. Аммо лоиҳаро ба имзо расонидаанд", — илова кард ӯ.
Шувалов қайд кард, ки ин маблағ барои барқрасонӣ ба роҳи оҳан ва бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ равона хоҳад шуд.
Қаблан муовини аввали вазири саноат, маъдан ва савдои Эрон гуфта буд, ки Теҳрон барои гирифтани қарз дар ҳаҷми 7-8 миллиард доллар аз Маскав бо мақомоти рус тавофуқеро ҳосил намудааст.
Яке аз иштирокдорони музокироти комиссияи байниҳукуматии Русияву Эрон ҳам бо тасдиқи ин хабар гуфт, 5 миллиард доллари ин қарз аз буҷаи давлат ва 2 миллиарди дигар тавассути бонки иқтисодии хориҷӣ ҷудо хоҳад шуд.