Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон ба тафтиши хатти марзӣ оғоз мекунад

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкПарлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш). Акс аз бойгонӣ
Парлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Прокуратураи генералӣ вазифадор шудаст, то 20 апрел ба парлумони кишвар ҳама гуна маълумоти заруриро дар бораи масъалаи додани пойгоҳи низомӣ-радарии Кербен ба Узбакистон, ки дар кӯҳи Унгар-Тоои ноҳияи Аксийи вилояти Ҷалолобод ҷойгир аст, пешниҳод намояд.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Парлумони Қирғизистон ба Додситонии кулли ин кишвар супориш додааст, то маълумот дар бораи "гӯё" ба Узбакистон додани як қисми марзи минтақаро санҷад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Жогорку Кенеш.

Қаблан дар Интернет нусхаи суратҷаласаи ҳукумат, ки таҳвили пойгоҳи радиорелейнии Кербен, ки дар кӯҳи Унгар-Тоои ноҳияи Аксини вилояти Ҷалолобод ҷойгир аст ба Узбакистонро тасдиқ мекард, пайдо шуда буд.

Хатти парвоз дар фурудгоҳи низомии Кант-и Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав масоили марбут ба амнияти Қирғизистон баррасӣ мешавад

Хадамоти матбуотии вазорат ин нусхаро қалбакӣ хонда, санади марбутаи маҷлиси ҳукумат аз 23 ноябри соли 2015-ро дар бораи пойгоҳи  радиорелейнии Кербен пешниҳод кард. Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки пойгоҳи низомӣ- радарӣ  "дар сарҳади Қирғизистону Узбакистон" ҷойгир аст. Баъдтар дар хадамот қайд карданд, ки пойгоҳи (РРС-24)  "Кербен" аз минтақаи зикршуда гузаронида намешавад.

Суратҷаласаи қалбакӣ нимаи моҳи март боиси эътирози мухолифон дар  ҷануби кишвар гардид. Гурӯҳи мухолифин ҳукуматро ба "додани ғайриқонунии ҳудуди кишвар ба ҷумҳурии дигар" айбдор кард. Кӯҳи Унгар-Тоо дар минтақаи баҳсбарангези сарҳади Қирғизистону Узбакистон воқеъ аст. Ҳамон замон барои гуфтушунид бо мардуми маҳаллӣ нахуствазири кишвар Темир Сариев ба минтақаи ҷануб сафар карда буд.

Кумитаи байналмиллалии кор бо амният ва мудофиаи парлумони кишвар (Жогорку Кенеш) масъалаи гузаронидани пойгоҳи низоми радарии РРС-24-ро ки дар кӯҳи Унгар-Тоои ноҳияи Аксийи вилояти Ҷалолобод воқеъ аст, таҳлил ва баррасӣ намуд. Баъди шунидани ҷавобҳои мақомоти дахлдор  прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистонро вазифадор кард, то суратҷаласаи №18-177  аз 11 ноябри соли 2015 ро таҳлил кунад ва ба нусхаи санад баҳои ҳуқуқӣ диҳад", — иттилоъ медиҳад хадамоти матбуот.

Прокуратураи генералӣ вазифадор шуд то 20 апрели соли равон маълумоти пурраро дар бораи ҳодиса ба парлумон пешниҳод намояд.

 

Лентаи хабарҳо
0