ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Як ҳайати низомии Қирғизистон дар Маскав масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ бо Русияро баррасӣ мекунад ва қарори заруриро дар ин бора ба имзо мерасонад, иттилоъ медиҳад Ситоди умумии неруҳои ҳарбии ҶҚ.
Ба иловаи ин, Қирғизистон дар бораи ташкили як пойгоҳи муштараки низомии Русия-Қирғизистон дар он кишвар вориди музокирот шудааст.
Сафари кории ашхоси баландрутбаи Қирғизистон имрӯз, 29 март оғоз гардида, то аввали моҳи оянда идома хоҳад кард.
Ба ҳайати мазкур Марат Кенжисариев, раиси Кумитаи давлатии дифоъ, Нурлан Чомоев, муовини раиси Ситоди умумии неруҳои мусаллаҳ ва ашхоси дигари баландпояи низомӣ шомил мебошанд.
Ҳоло дар қаламрави Қирғизистон чанд қисми низомии Русия қарор доранд. Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки ин нуқтаҳоро ба таркиби пойгоҳи муштарак дохил кунанд. Интизор меравад, ки пойгоҳи инизомии Русия дар Кант ба ин пойгоҳ ҳамроҳ хоҳад шуд.