ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар мусобиқа беш аз 80 варзишгар аз 14 кишвари дунё: Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Булорус, Гурҷистон, Малдова, Эрон, Русия, Покистон, Туркия, Нидерландия ва Қирғизистон ширкат варзиданд.
Сабқат миёни мардон дар 6 вазн доир гардид. Дар вазни то 90 кг медали биринҷиро варзишгари тоҷикистонӣ Абдураҳмон Маҳмадқулов ба даст овард. Нурбек Хоҷабекови қирғиз ғолиби ин вазн дониста шуда, ҷои аввалро гирифт, мақоми дуюм насиби Овезгелдӣ Бердиев аз Туркманистон гардид.
Боиси ёдоварист, ки паҳлавонони тоҷик қаблан мавсими нави варзиширо дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар Қазоқистон барои ба даст овардани мукофоти мураббии шоистаи ҶҚ Валиев оғоз карданд.
Дастаи мо ду нишон ба даст овард. Соҳибони медалҳо варзишгарон аз мактаби гуштини миёнбанди ноҳияи Зафаробод мебошанд. Дар вазни 60 кг Муҳаммадрашид Рабиев нишони нуқра ба даст оварда, дар вазни 55 кг Қурбоналӣ Охунов соҳиби медали биринҷӣ гардид.
"Дар мавсими гузашта чемпионати ҷаҳон дар Қазон (Русия) бароямон ҳодисаи хотирмон буд. Варзишгарони Тоҷикистонӣ ду медали тилло ва се нишони биринҷӣ ба даст оварданд, — гуфт раиси Федератсияи муборизаи миёнбанд дар ҶТ Анвар Қосимов. Хуршед Шарипов моро бисёр шод кард. Ӯ натанҳо қаҳрамони ҷаҳон шуд, балки дар бозиҳои Осиё-2015 ки дар Эрон баргузор гардид, медали тилло ба даст овард".
Дар пеш мавсими бозиҳои бисёр ҳам шавқовар моро интизор аст. Дар баробари бозиҳои ҷаҳонӣ аз рӯи гуштини тарзи озод ва классикӣ байни ҷавонон ва калонсолон ҳамчунин гузаронидани сабқатҳои байналмиллалӣ дар назар аст.
Аз ҷумла, моҳи май дар Истравшан Ҷоми кушоди Тоҷикистон, ки дар он варзишгарон аз дигар кишварҳои дунё ширкат хоҳанд кард, баргузор мешавад.
Ҳамчунин варзишгарони тоҷик дар ин мавсим дар дигар мусобиқаҳо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Муҳимтарини онҳо бозиҳои Осиё ва ҷаҳон ва марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳон мебошад.