ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки рӯзҳои 11-13 декабр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 28 медал (13 тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд, иттилоъ доданд ба Sputnik аз Федератсияи самбои Тоҷикистон.
"Дар ин мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 13 кишвари қора — Афғонистон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва дигар давлатҳо ширкат доштанд",- афзуд манбаъ.
Ба қавли Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои кишвар, гуштигирони навраси тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ ҳашт медал медал ба даст оварданд.
"Масъуд Қӯқаншоев (48 кг) ва Саиднабӣ Камолов (65 кг), ки ҷойҳои аввалро азони худ карданд, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Ду нафари дигар — Сайриддин Шоев (60 кг) ва Шарифҷон Назриев (87 кг) барои ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Се паҳлавони навраси тоҷик — Зафарҷон Алиев (56 кг), Алӣ Шарифов (70 кг) ва Эмомҷон Камолов (81 кг) — барои ҷойҳои севум медалҳои биринҷӣ гирифтанд",- илова кард ӯ.
Маврид ба ёдоварист, дар рӯзи аввали мусобиқа бузургсолон (мардону занон) рақобат карданд. Паҳлавонони тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон нӯҳ медал гирифтанд. Ҳафт нафари онҳо — Акмалиддин Каримов (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Ҳабибов (74 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Гуштии самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил шудааст, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) дастгирӣ мекунад.