ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Халабонони рус дар доираи омӯзиши муштараки низомии Русияву Тоҷикистон зиёда аз 20 парвоз анҷом дода, ҷойҳои хатарнокро тафтиш намуданд, баъдан захираҳои моддӣ ва сипас десантчиёнро ба маҳалли ҳодиса фуруд оварданд.
"Ҷангандаҳои бомбапартои Ту-22М3, ҳавопаймоҳои ҳамлакунандаи Су-25СМ, чархболҳои ҳамлакунандаи Ми-24 ва нақлиёти ҷангии Ми-8, аз фурудгоҳи "Айнӣ", ки дар наздикии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, парвозро шурӯъ карданд. Парвозҳо дар баландии наонқадар зиёд анҷом дода шуданд. Халабонҳо наздики 23 соатро дар осмон гузаронида, наздики 100 тонн сӯзишвориро сарф намуданд",- гуфта мешавад дар иттилоияи дафтари матбуотии Округи Ҳарбии Марказӣ (ОҲМ).
Ҳамчунин қайд мешавад, ки экипажи бомбапартои Ту-95 МС ба тамрингоҳи минтақаҳои кӯҳие, ки дар ҷумҳурӣ ҷойгиранд парвоз анҷом дода, дар фазо тарзи гирифтани маълумотро аз нуқтаҳои назоратӣ, ки дар ноҳияҳои омӯзишӣ назорат карда мешавад, иҷро намуданд. Экипажҳо наздики 8 ҳазор км-ро дар фазои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар муддати 11 соат тай намуда ба фурудгоҳи вилояти Саратов бо муваффақият фуруд омаданд.
Дар размоишҳои муштараки неруҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия беш аз 50 ҳазор афсару сарбоз, 950 техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 ҳавопаймо ва чархболҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва 2 ҳазор низомиёни Русия ширкат доштанд.
Дар таърихи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия бори нахуст ғайр аз афсарон ва сарбозони Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, инчунин қувваҳои иловагии ҳарбии ОҲМ ширкат меварзанд.
Роҳбари омӯзишҳо сардори кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиа генерал-майор Эмомалӣ Собирзода буда, рафти омӯзиш аз ҷониби вазири мудофиаи кишвар генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо назорат карда мешавад.
Пойгоҳи низомии 201- таркиби бузургтарин қувваҳои мусаллаҳи Русия берун аз марзи он шинохта мешавад. Мувофиқи созишномаи соли 2012 аз ҷониби ду президент (ҶТ ва ФР) ба имзо расида, ин пойгоҳ то соли 2042 дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард. То соли 2015 қисмҳои алоҳидаи пойгоҳи низомии 201 дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғантеппа ва Кӯлоб ҷойгир шуда буданд. Аввалҳои моҳи декабр полки 149-ум аз шаҳри Кӯлоб ба мавзеъи Лоҳури Душанбе кӯчонида шуд. Моҳи сентябри соли 2015 ҳайати қувваҳои мусаллаҳ бо чархболҳо дар фурудгоҳи Айнӣ пурра гардид.