Тамрини “авиатсионӣ”-и низомиёни русу тоҷик

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкЧархболи МИ-24. Акс аз бойгонӣ
Чархболи МИ-24. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба отряди зарбазанандаҳои ҳавоӣ ва ҷангандаҳои бомбапартои Ту-22М3, ҳавопаймоҳои ҳамлакунандаи Су-25СМ, бомбаандозҳои Су-24М, чархболҳои ҳамлакунандаи Ми-24 ва налиёти ҷангии Ми-8, ҳавопаймоҳои нақлиёти авиатсионӣ ҳамроҳ шуданд.

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Фармондеҳи Округи ҳарбии Марказӣ Владимир Заруднитский  дар фурудгоҳи "Айнӣ" бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо мулоқот кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои асосии истифодаи гурӯҳҳои муштараки авиатсионӣ дар ҳошияи марҳилаи асосии омӯзиши ситодҳо баррасӣ шуданд, иброз дошт, ёвари фармондеҳи ОҲМ Ярослав Рошупкин.

Ҳамчунин, дар нишаст тартиби амалиёти артиш, фаъолиятҳои оперативӣ, парвози нақлиёти ҳавоӣ дар ҳамаи марҳилаҳои омӯзишие, ки рӯзи душанбе шурӯъ шуда буд, дақиқ гардиданд.

Фармондеҳи ОҲМ омодагии нерӯҳои Тоҷикистону Русияро санҷид

Фармондеҳон  қайд намуданд, ки дар мубориза бар зидди гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ташкили нерӯҳои авиатсионӣ дар кӯҳҳо нақши ҳалкунанда хоҳад дошт.

"Мувофиқи барномаи омӯзишӣ, чархболҳо ба парвоз шурӯъ карда, ҷойҳои хатарнокро  тафтиш менамоянд, баъд ба ирсоли захираҳои моддӣ ва сипас ба кӯчонидани "захмишудагон" машғул мешаванд. Халабононро мебояд якчанд зарбаҳои ҷавобӣ зананд ва десантчиёнро ба маҳалли ҳодиса фуруд оранд", — гуфт Рошупкин.

Маврид ба тазаккур аст, ки ба отряди зарбазанандаҳои ҳавоӣ ва ҷангандаҳои  бомбапартои Ту-22М3, ҳавопаймоҳои ҳамлакунандаи Су-25СМ, бомбаандозҳои Су-24М, чархболҳои ҳамлакунандаи Ми-24 ва налиёти ҷангии Ми-8, ҳавопаймоҳои нақлиёти авиатсионӣ ҳамроҳ шуданд.

Дар тамринот мақомоти ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Округи марказии Ҳарбии Русия, зиреҳпӯшу тӯпҳо, воҳидҳои вижа, инчунин гурӯҳҳои десантии ҳавоӣ ширкат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0