ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия фармони хуруҷи бахши аслии неруҳои кишвараш аз Сурияро содир кард ва ин тасмим боиси ҳайрати Кохи сафед гардидааст, менависад нашрияи амрикоии Politico.
Ба навиштаи рӯзнома, аснои нишасти матбуотӣ сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест аз посух ба ин суол ва мавзӯъи хурӯҷи неруҳои Русия "канорагирӣ" кард. Дар ҳамин ҳол, мақомоти дигари амрикоӣ ба ҷамъ кардани маълумот дар мавриди тасмими ахири Кремл машғул мебошанд.
Тибқи ин фармон, ки шоми рӯзи гузашта зери он имзо гузошта шуд, хуруҷи неруҳои Русия аз қаламрави Сурия 15 март оғоз мешгардад. Президенти ФР, Владимир Путин дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷӣ ва дифоъи кишвараш гуфтааст, Русия нақши худро дар раванди татбиқи сулҳи Сурия бештар карда, ба поёни мухолифатҳо дар ин кишвар муваффақ мешавад.
Зимнан, пойгоҳҳои низомии Русия дар Тартус ва Хмеймим ҳамчунон фаъолият хоҳанд кард.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфтааст, раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар як суҳбати телефонӣ Башор Асад, раисиҷумҳури Сурияро аз ин тасмим огоҳ карда, ин раванд бо роҳбарияти Димишқ қаблан мувофиқа шуда буд.