Владимир Путин ва шоҳи Арабистони Саудӣ вазъи Сурияро баррасӣ карданд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Русия Владимир Путин (аз чап) ва шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулзоир Оли Сауд. Акс аз бойгонӣ
Президенти Русия Владимир Путин (аз чап) ва шоҳи Арабистони Саудӣ  Салмон ибни Абдулзоир Оли Сауд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аснои нишаст ҷонибҳо ба рафъи буҳрони вазъият дар Сурияву минтақа таваҷҷуҳ карда, хостори тақвияти ҳамкориҳои Риёз ва Маскав шуданд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз  Оли Сауд гуфтугӯи  телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат тарафҳо ба содда гардонидани вазъ дар Сурияву Ховари Миёна таваҷҷуҳ карда, шавқмандиашонро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баён доштанд.

"Доир ба тақвияти ҳамкориҳо дар ҳама бахшҳои ба ҳар ду ҷониб манфиатовар ибрози назар гардида, рафъи буҳрони Сурия, соддагардонии амният дар Ховари Миёнаву кишварҳои Африқои Шимолӣ аз масоили меҳварии ин гуфтушуниди телефонӣ буд",- иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Кремл.

Ба ғайр аз ин, президенти Русия даъвати шоҳи Арабистони Саудӣ барои боздид аз Русияро дар вақти ба он ҷониб мувофиқ айни муддао донист.

Лентаи хабарҳо
0