ИМА мегӯяд, дар Осиёи Маркази хатари амалиётҳои террористӣ зиёд аст

© AFP 2023 / TAUSEEF MUSTAFAНамоишгарон бо рамзи (парчами) ДИ. Акс аз бойгонӣ
Намоишгарон бо рамзи (парчами) ДИ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан Департаменти давлатии ИМА дар бораи эҳтимоли амалҳои террористӣ дар Аврупо иттилоъ дода, ҳамчунин эҳтимоли амалиётҳои террористиро аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, “Ал-Қоида” ва иттиҳоди Ҷиҳоди исломӣ пешгӯӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар Осиёи Марказӣ эҳтимоли амалиётҳои террористӣ аз тарафи гурӯҳҳои муташаккили "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  вуҷуд дорад, менависад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба изҳороти вазорати умури хориҷаи ИМА.

Аз ин изҳорот бармеояд, ки чунин ҳолат эҳтимолияти дар Аврупо ба вуқӯъ омаданро дар пай дорад. Ин ҳама метавонад дар як ҳолати номаълум ва пешгиринашаванда ба вуқӯъ пайвандад, қайд мекунад манбаъ.

WT: Русия ҳақ аст, ИМА ҳампаймони “Давлати исломӣ” мебошад

"Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ чун пештара дар Осиёи Марказӣ фаъоланд ва метавонанд алайҳи амрикоиён ва ИМА амалҳоеро анҷом диҳанд",- омадааст дар хабар.

Ҳамчунин департамент эҳтимоли амалиётҳои террористиро аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, "Ал-Қоида" ва иттиҳоди Ҷиҳоди исломӣ пешгӯӣ мекунад.

"Давлати исломӣ", ё ба истилоҳ "ДИИШ" дар ҳоли ҳозир аз бузургтарин хатар ба  амнияти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Тайи се сол ҷангиёни ин гуруҳ қисме аз сарзамини Ироқу Сурияро ғасб карда, таҳти назорат гирифтанд. Дар баробари ин онҳо кӯшиш доранд то таъсири худро дар мамлакатҳои Африқои Шимолӣ ва махсусан дар Либиё мустаҳкам намоянд.

Бино ба маълумоти мақомотҳои гуногун ҳудуди минтақаҳое, ки аз ҷониби "Давлати исломӣ" идора мешаванд то ба 90 ҳазор километри мураббаъ мерасад. Теъдоди тахминии ҷангиёни ин созмон аз 50 то 200 ҳазор нафар гуфта мешавад.

© Инфографика"Давлати исломӣ"
Давлати исломӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Давлати исломӣ"

 

Лентаи хабарҳо
0