Ниҳоят Леонардо Ди Каприо барандаи ҷоизаи “Оскар” гардид

© REUTERS \ Mike BlakeЛеонардо Ди Каприо ҳамчун актёри беҳтарин эълом гардида, ҷоизаи "Оскар"-ро гирифт
Леонардо Ди Каприо ҳамчун актёри беҳтарин эълом гардида, ҷоизаи Оскар-ро гирифт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маросими 88-уми эътои ҷоизаҳои “Оскар” ҳунарманди синаамои амрикоӣ барандаи они эълом гардид.

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Актёр ва ҳунарманди саршиноси амрикоӣ, ситораи Ҳолливуд, Леонардо Ди Каприо барои иҷрои беҳтарин нақши мард дар филми "Бархоста аз гӯр" барандаи ҷоизаи "Оскар" эълом шуд, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии АВС.

Леонардо Ди Каприо “Оскари мардумӣ”-и Ёқутистонро мегирад

Дар филми мазкур нақл мешавад, ки шахсе бо номи Ҳей Клос аз сокинони навоҳии марзии Амрико дар охири қарни 19 пас аз ин ки мавриди ҳамлаи як хирси ваҳшӣ қарор мегирад, дар сарзамин хунук  ва дурафтода аз ҳамроҳонаш раҳо мешавад.

Леонардо Ди Каприо дар маросими эътои ҷоиза суханронӣ кард ва гуфт, ки тағйироти иқлим ин як воқеъият аст, он таҳдиди амалӣ ба инсоният ва ҳамаи мавҷудоти олам мебошад, аз ин рӯ масъалаи асосӣ дар филм низ ҳамин буд.

Ин шашумин бор буд, ки ҳунарманд ба ин ҷоиза пешниҳод мешуд, вале бори аввал соҳиби "Оскар" шуд.

Баъдтар барои филмҳои "Авиатор" (2005), "Алмоси хунин" (2007), "Гург аз Уолл-стрит" (2014) низ муддаии "Оскар" шуд, ки боз ҳам ноком шуд.

Леонардо де Каприо ба мухлисон аз филмҳои "Титаник", "Оғоз", "Алмоси хунин" ва ғайраҳо ошност.   

Лентаи хабарҳо
0