ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ширкати ёқутистонии ҷавоҳирсозӣ ба маъракаи ҷамъоварии нуқра ҷиҳати сохтани муҷассамаи мардумии "Оскар" барои ҳунарманди амрикоӣ Ди Каприо ҳамроҳ шуд, иттилоъ дод мубтакири аксияи мазкур Татяна Егорова.
"Ширкати маъруфи маҳаллӣ ёрии худро ба тарҳи мо пешниҳод сохт ва мо қабул кардем. Роҳбари корхона аз мухлисони ашаддии Леонардо Ди Каприо маҳсуб мешавад, ӯ шефтаи ҳунари актёри амрикоист. Ҳоло ширкат дар маъракаи ҷамъ кардани нуқра иштирк дорад, баъдтар дар сохтани муҷассама низ саҳм хоҳад гирифт",- мегӯяд Егорова.
Туҳфаро барои ҳунарманд ду ҳайкалтароши ёқутистонӣ омода мекунанд, илова кард устоди донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Арктика.
Ба қавли ташаббускорони тарҳ аз ҷониби чандин ширкати ҷавоҳирсозии Русия пешниҳоди кӯмаку саҳмгузорӣ шуда буд, аммо онҳо напазируфтанд.
"Мо аз онҳо сипосгузорем, ҳоло дигар маълум аст, ки муҷассамаро кӣ тайёр мекунад. Ҳамзамон иттилоъ мерасад, ки чанд ширкати бузурги телевизионӣ дар маросими эътои ҷоиза ба ҳунарманд саҳм гузоштанианд, ин ташаббуси худи онҳост, аз онҳо низ мо розием",- қайд кард Егорова.