ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Як сокини шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми қаллобӣ аз сӯи кормандони пулис боздошт шудааст, хабар медиҳад, сомонаи ВКД.
"05 октябр ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд сокини 27-солаи ин шаҳр муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи июли соли ҷорӣ Анвар ном шахс ба бовариаш даромада, автомашинаи шахсиаш тамғаи "Мерседес-Бенс"-ро ба маблағи 31200 сомонӣ савдо карда, ваъда додааст, ки дар давоми 2-моҳ маблағашро бармегардонад", афзудааст, манбаъ.
Аммо баъд аз як моҳ аз муҳлати муқарарршуда ин сокини шаҳри Хуҷанд аз харидори мошини худ ба кормандони пулис шикоят карда, гуфтааст, ӯ то ҳол маблағро барнагардонидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 39-солаи сокини ш. Хуҷанд, ки қаблан бо моддаи 259 ва 237 қ.2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст.
Нисбати далели мазкур паравндаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.