Агентии омор ҳиссаи сохтмонро дар сохтори ММД 11,8% мегӯяд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкБунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ. Акс аз бойгонӣ
Бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ташкилоти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) таҳти унвони “Гузориши иқтисоди Тоҷикистон” матлаберо расонаӣ карда, дар он навишт, саноати истихроҷ ва сохтмон эҳтимол ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон мусоидат кунанд.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар гузориши GIZ (Анҷумани байналмилалии ҳамкории Олмон)  таъкид мешавад, ки соли гузашта сохтмон муҳаррики асосии рушди иқтисод гардида, дар қиёс ба як соли пеш 21,2% зиёд шудааст.

Дар иттилоъияи аз ҷумла омадааст, ки соли 2015 истеҳсолоти саноат 11,2% афзуд ва он қабл аз ҳама ба пешрафти бахши истихроҷ мусоидат намуд.

"Аз ҷониби дигар, дар натиҷаи кам шудани даромади воқеъии хонаводаҳо, бахшҳои марбут ба истеъмол имсол метавонанд ба коҳиш ва ё худ таназзули истеҳсолот дучор гарданд",-қайд мекунад сарчашмаи хабар.

Бинои Комитети андози Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
GIZ: фишор болои андозсупорандагони ҶТ ба мушкили будҷа боъис мешавад

Бар пояи маълумоти расмии Агентии омори Тоҷикистон, соли 2015 ҳиссаи сохтмон дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 11,8%-ро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 1,8% зиёд шудааст.

Ҳиссаи саноат бо шумули бахши барқу энержӣ дар сохтори ММД 12,8%-ро ташкил дода, дар қиёс ба соли гузашта 0,8% афзудааст.

Маврид ба ёдоварист, ҳукумати Тоҷикистон имсол ният дорад, ки ба рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7% ноил гардад, аммо коршиносони ниҳодҳои байнулмилалӣ ба ин омор чандон бовар надоранд.

Рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон Бонки ҷаҳонӣ дар сатҳи — 4,8%, Бонки аврупоии таҷдиду рушд — 4,5%, Бонки осиёгии рушд — 4,2%  ва Сандуқи байналмилалии пул — ҳамагӣ 3,4% пешгӯӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0